Зас: Сари қудрат омадани "Толибон"* дар Афғонистон ба вазъи Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкГенеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности Станислав Зась
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Обуна шудан
Дабири кулли СААД зимни суханронии худ гуфт, вазъ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико ва НАТО ба куллӣ тағйир ёфт
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Сарони кишварҳои узви СААД дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ба вазъи низомӣ-сиёсии Афғонистон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карданд, гуфт дабири кулли СААД Станислав Зас.
Сардори СААД таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кард, ки вазъ дар ҷумҳурӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА ва контингенти низомии НАТО ба куллӣ тағйир ёфт.
"Ҳамлаи ҳаракати радикалии "Толибон" ( мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) таҳти назорати он гузаштани қариб тамоми қаламрави Афғонистон, аз ҷумла сарҳадҳои давлатӣ ва пойтахт, инчунин тағйири қудрат дар кишвар ба вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад ", - таъкид кард Зас.
Вай ёдовар шуд, ки Тоҷикистон тӯлонитарин марз бо Афғонистонро дорад, ки дар бисёр бахшҳо дар минтақаҳои баландкӯҳи дастнорас мегузарад.
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Зас вуруди Ӯзбекистон ба СААД-ро баррасӣ кард
Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳамчунин аз машқҳои нави густарда дар марзи Тоҷикистону Афғонистон хабар дод. Аз ҷумла, машқҳои "Ҷустуҷӯ", "Эшелон", "Ҳамкорӣ" ва "Кобалт" ба нақша гирифта шудаанд.
Зас афзуд, ки дар робита ба вазъ дар Афғонистон, иштироккунандагони ҷаласаи Шӯрои СААД нақшаи амалиёти мустақими нерӯҳои дастаҷамъӣ дар Осиёи Марказиро аниқ карданд. Ҳайати контингенти низомӣ ва ташкили нирӯҳои вижа низ баррасӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0