Оғози захираи об дар “Қайроққум” барои таъмини нерӯи барқ дар зимистон

© Sputnik / А. Горячев / Гузаштан ба хазинаи аксКайраккумская ГЭС "Дружба народов"
Кайраккумская ГЭС Дружба народов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” аз шаш агрегат иборат буда, имкон дорад, 126 мегаВатт дар шабонарӯз барқ истеҳсол кунад. Барқи тавлидшудаи нерӯгоҳ ба баъзе аз шаҳру навоҳии Суғд интиқол дода мешавад
ДУШАНБЕ, 17 сен – Sputnik. Масъулони Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ мегӯянд, захиракунии об дар обанбори НБО “Қайроққум” шуруъ шудааст ва қарор аст, то охири соли ҷорӣ ҳаҷми об ба беш аз 3 миллиард куб баробар шавад.
Ҳалимҷон Ҳомидов, муовини сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, обе, ки аз ҷониби Қирғизистон меояд, дар “Қайроққум” захира мешавад.

“Ғунҷоиши обанбор 3, 4 миллиард метри мукааб аст. Барои дар ин сатҳ пур кардани об бештар аз 1, 5 миллиард метри мукааб об зарур аст. Оби захирашаванда барои тавлиди барқ дар фасли тирамоҳу зимистон ва обёрии киштзорҳо дар баҳори соли оянд пешбинӣ мешавад”,-афзуд Ҳомидов.

Бар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ, моҳҳои июн – августи соли ҷорӣ беш аз 50% ва ё 1, 5 миллиард метри мукааб оби “Қайроққум” ба кишварҳои поёноб, Ӯзбекистону Қазоқистон интиқол дода шуд.
Барои иҷрои чунин кор ин кишварҳо ба Тоҷикистон кумаки фаннӣ-техникӣ мекунанд, аз ҷумла Ӯзбекистон дастгоҳи обкашӣ барои баровардани об аз чоҳҳои амудӣ ва экскаватор барои поккардани ҷӯйҳои бузург медиҳад .
Қазоқистон уҳдадор шудааст, ки ба Тоҷикистон 120 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 35 тонна равғанҳои молиданӣ диҳад.
Нурекская ГЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Вазорат: тавоноии се нерӯгоҳ - “Норак”, “Сарбанд” ва “Қайроққум” афзоиш дода мешавад
Масъулони Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ мегӯянд, ин созишномаи байнидавлатӣ то аввали моҳи сентябр ба иҷро расид ва ҳоло марҳилаи захиракунании об дар НБО “Қайроққум” шуруъ шудааст.
Оби захирашуда ба ҷуз аз тавлиди барқ барои киштзорҳои шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Б. Ғафуров, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов ва Спитамен пешбинӣ мешавад. Бино ба иттилои расмӣ, НОБ “Қайроққум” аз шаш агрегат имкони истеҳсоли 126 мегаватт нерӯи барқ дар як шабонарӯзро дорад.
Зимнан корҳои таъмир ва таҷдиди ин нерӯгоҳ ҷараён дорад ва қарор аст, то ду соли оянда ҳаҷми тавоноии ҳамаи агрегатҳои он то ба 174 мегаватт қувваи барқ дар шабонарӯз расонида шавад.
Барқи ин нерӯгоҳ ба шабакаи ягонаи барқрасонии ҷумҳурӣ пайваст буда, ба шуморе аз шаҳру ноҳияҳои Суғд интиқол дода мешавад.
Бино ба иттилои масъулини Идораи тақсимот ва интиқоли барқ, ҳаҷми нерӯи барқи мавриди истифодаи муштариён дар як шабонарӯз дар вилояти Суғд бо таваҷҷуҳ ба фаслҳои сол ба беш аз 18 миллион кВт-соат мерасад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала