Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Дар Душанбе гуфтушунидҳо байни “Толибон”*-у тоҷикон сурат мегирад

© Пресс-служба Президента РТЭмомали Рахмон, президент РТ и Имран Хан Премьер-министр Пакистана
Эмомали Рахмон, президент РТ и Имран Хан Премьер-министр Пакистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ пас аз мулоқот бо сарвазири Покистон таъкид кард, ки дар гуфтугӯҳо бо сарвазири Покистон бар қазияи Афғонистон аҳамияти хос дода шуд
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки Тоҷикистону Покистон барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни “Толибон”*-у тоҷикон ба тавофуқ расиданд.
“Мо ба тавофуқ расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни Толибон тоҷикон мусоидат хоҳем намуд”, - гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон.
Вай зимни нишасти матбуотӣ намуд, ки вазъи кунуни дар Афғонистон нигаронкунанда арзёбӣ мешавад.
“Мо ҳамсоякишварҳои Афғонистон ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвар азиятдида пеш аз ҳама манфиатдорем. Мо бар онем, ки ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, ба хусус барои кишварҳои ҳамсоя муҳим мебошад”, - қайд кард, Эмомалӣ Раҳмон.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Ҳушдори Раҳмон аз ҷанги дохилии Афғонистон ва афзоиши гурезаҳо ба кишварҳои СҲШ ва СААД
Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳарчи зудтар барқарор гардад ва манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар Афғонистон ба эътибор гирифта шаванд.
“Ташкили ҳукумати фарогир дар он кишвар бояд бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ бошад. Ҳамзамон мо таъкид бар он кардем, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.
Роҳбари Тоҷикистон афзуд, ки сулҳу субот дар Афғонистон фақат бо ҳамин роҳ таъмин хоҳад шуд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Норозигии Раҳмон аз ҳукумати "Толибон" ва тартиботи он - видео
“Ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кумакҳои башардӯстона, яъне аз ҷониби ниҳодҳои СММ, Салиби сурх ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошанд”, - илова кард раисҷумҳури Тоҷикистон
Ҳамзамон вай илова кард, ки Тоҷикистону Покистон ба мувофиқа расиданд, ки тамоми кушишу худро барои расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар хоҳанд кард.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала