Эълони фасли ҷадиди ҳамкориҳои Душанбе ва Теҳрон

CC BY 4.0 / Tasnim News Agency / Новоизбранный президент Ирана Ибрахим Раиси
Новоизбранный президент Ирана Ибрахим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Раисҷумҳури Эрон аз аҳамияти сафари нахустини хориҷияш ба Тоҷикистон гуфтааст
ДУШАНБЕ, 17 сен – Sputnik. Президенти тозаинтихоби Эрон мегӯяд, бо Тоҷикистон фасли нави ҳамкориҳоро оғоз хоҳанд кард.
Иброҳими Раисӣ мегӯяд, ин сафар шуруи фасли ҷадид дар муносиботи ду кишвар аст.

"Мо бо Тоҷикистон иртиботи иқтисодию сиёсӣ доштему дорем ва ҳамчунин ин раванд дучори як вақфае шуд, ки мо бо ин сафар як фасли ҷадидро дар равобит бо Тоҷикистон рақам хоҳем зад",- гуфтааст Раисӣ дар суҳбат бо хабарнигорони эронӣ

Ӯ гуфтааст, ки пас аз нишасти Шонгҳой бо Тоҷикистон музокироти дуҷониба дар сатҳҳои гуногун анҷом хоҳанд дод, ки дар зимни он имзои чанд созишномаву қарордод дар назар аст.
Ҳамзамон президенти Эрон иҳори умедворӣ кардааст, ки ҳамкорияш бо кишварҳои Осиё афзоиш хоҳад ёфт.
Эрон то кунун дар СҲШ ба ҳайси нозир ширкат мекунад ва дар нишасти ин созмон, ки дар Тоҷикистон идома дорад, дар назар аст, ба ҳайси узви комилҳуқуқ пазируфта шавад.
Министр внутренних дел РТ Рахимзода Рамазон посетил Выставку военной техники Исламской Республики Иран, а также вооружения и тяжелой военной техники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Раҳимзода: имзои созишномаи ҳамкорӣ бо Эрон, пояе барои мустаҳкамии робитаҳост
Дар Эрон бар ин умеданд, ки вуруди Теҳрон ба СҲШ таҳримҳоро алайҳи ин кишвар сабуктар хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки муносиботи Тоҷикистон ва Эрон дар давраи президентии Аҳмадинажод дар сатҳи болое қарор дошт, ки бузургтарин тарҳҳо - нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" дар ҳамон замон роҳандозӣ гашта буданд. Аммо пас аз соли 2015, дар даврони раёсати Ҳасани Рӯҳонӣ робитаҳои ду кишвар сард гашт.
Ҳоло ба назар мерасад, мақомоти ҳар ду кишвар барои барқарории равобити қаблии Душанбе ва Теҳрон талош доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала