Грозин: ғайр аз Русия давлату созмони дигаре Осиёи Марказиро ҳимоя намекунад

© Sputnik / Александр Натрускин / Гузаштан ба хазинаи аксЗаведующий отделом Средней Азии и Казахстана Института стран СНГ Андрей Грозин
Заведующий отделом Средней Азии и Казахстана Института стран СНГ Андрей Грозин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Сиёсатшинос мегӯяд, бештари кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз мушкилоти Афғонистон рӯй гардондаанд
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Андрей Грозин, роҳбари бахши Осиёи Марказӣ ва Қазоқистони Пажуҳишгоҳи кишварҳои ИДМ аз натиҷаҳои мудофиавии ҷаласаи сарони кишварҳои узви СААД гуфт.
Коршинос махсусан эъломияеро қайд кард, ки дар он аз нақшаҳои ҷой додани нерӯҳои фаврӣ дар Осиёи Марказӣ гуфта мешавад.
Грозин дар суҳбат бо нашрияи "ПолитЭксперт" қайд кард, ки ин чораи хеле самаранок мебошад ва илова намуд, ки бо назардошти кори идораҳои соҳавӣ заминаи ин санад пеш аз буҳрони Афғонистон гузошта шуда буд.
Сиёсатшинос афзуд, ки ба ҳуҷҷат тағйироти марбут ба масоили вокуниш ба таҳдидҳои эҳтимолӣ аз Афғонистон ворид карданд. Ин иловаҳо барои Тоҷикистон, ки тӯлонитарин марз бо Афғонитони нооромро дорад, бояд кумак кунад. Инчунин Ӯзбекистон низ метавонад, таваҷҷуҳ кунад.
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Раисҷумҳури Амрико аз тугмаи пахши ҳастаӣ маҳрум шуд, то ҷангро шуруъ накунад
Дар пайи вазъи номураккаби мунтақа иқтидори мудофиавиро тамоми кишварҳои узви СААД таҳким бахшида истодаанд.
"Ба ғайр аз Русия ягон давлат ва созмони байналмилалие мавҷуд нест, ки ба шевае тавонанд хатарҳои бархоста аз Афғонистонро бартараф кунанд. Ин як далели мунсифона аст, ки рад намудани он хеле мушкил мебошад.", - тавзеҳ дод коршинос.
Ба гуфтаи Грозин, маҳз бо ҳамин далел, кишварҳои Осиёи Марказӣ талош доранд, аъмолашонро бо Маскав ҳамоҳанг созанд.
"На Чин, на Туркия ва на Эътилофи Атлантикаи шимолӣ ҳеч майли мубаддалшавӣ ба "чатри мудофиавӣ" барои Осиёи Марказиро нишон надода истодаанд", - илова намуд ӯ.
Грозин изҳори боварӣ намуд, ки санади имзошуда заминае барои моҳҳои оянда хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала