Имрон Хон дар бораи вазъи Афғонистон ва ваъдаҳои "Толибон": Ин фурсати хуби хатми ҷанг аст

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкИмран Хан, примьер министр Пакистана
Имран Хан, примьер министр Пакистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Обуна шудан
Имрон Хон, сарвазири Покистон бо зикри он ки "Толибон"* тақрибан бидуни хунрезӣ ба қудрат дар Афғонистон омаданд, вазъи феълиро имкони хуби хатми ҷанги чилсола дар ин кишвар номид
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Сарвазири Покистон аз омехта кардани терроризм бо дин дар ҷаҳони муосир интиқод намуда, изҳор дошт, ки кишвараш даҳсолаҳо аз терроризме ранҷ мекашад, ки аз хориҷ ташкил, назорат ва идора мешавад.
Вай дар ҷаласаи СҲШ дар Душанбе ба қудрат омадани "Толибон"*-ро дар Афғонистон воқеияти ҷадид хонда, изҳор дошт, ки ин кор бидуни хунрезию ҷанги шаҳрвандӣ сурат гирифт.
Имрон Хон муҳим хонд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд таваҷҷуҳ намояд, то мухолифат дубора дар Афғонистон шиддат нагираду масоили амниятӣ ба эътидол оянд.
Президент России Владимир Путин в режиме видеоконференции принимает участие в заседании Совета глав государств Шанхайской организации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Путин: "Толибон"* амалан тамоми Афғонистонро назорат мекунад, бояд ваъдаҳояшро иҷро намояд
Ӯ зикр намуд, ки ҳукумати пешини Афғонистон 75 дарсад аз ҳисоби кумаки хориҷӣ фаъолоият дошт ва феълан ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки дар баробари халқи Афғонистон қарор гирад. Сарвазири Покистон гуфт, вазъи феълӣ фурсати хуб барои хатми ҷанги чилсола дар кишвар мебошаду бояд аз паҳнсозии пропагандаи манфӣ худдорӣ намуд.

"Толибон* бояд тамоми ваъдаҳояшонро иҷро кунанд, ҳукумати ҳамашумулро ташкил намоянд, ҳуқуқи инсонро риоя кунанд, Афғонистон набояд паноҳгоҳи терроризми байналмилалӣ шаваду ба манбаи силоҳ, маводи мухаддир ва фирориён табдил ёбад",-изҳор кард Имрон Хон.

Вай бо ишора ба таърихи Афғонистон гуфт, ин наметавонад кишваре бошад, ки аз хориҷ идора шавад. Ба гуфтаи сарвазири Покистон, сулҳ дар Афғонистон барои рушди минтақа муҳим мебошад.
Феълан таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе идома дорад. СҲШ ҳашт кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистонро шомил буда, расмиёт барои узвияти комилҳуқуқи Эрон низ дар нишасти Душанбе оғоз гаштааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи марказии ҲҲДТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Раҳмон дар бораи Панҷшер: Агар ба Афғонистон таваҷҷуҳ накунед, ҳаводиси 2001 такрор меёбад
Дар нишасти Душанбе сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди (онлайн), раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, президенти Чин Си Ҷинпин (онлайн ), президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазири Покистон Имрон Хон, президенти Русия Владимир Путин (онлайн) ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат мекунанд.
Ҳамчунин сарони кишварҳои нозири СҲШ - президентҳои Белорус Александр Лукашенко, Эрон Иброҳими Раисӣ ва Муғулистон Ухнаагийн Хурелсух (онлайн) низ дар ин нишаст иштирок доранд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0