ХБА ҳамкорӣ бо Афғонистонро қатъ кард ва ба "Толибон" шарт гузошт

© Pixabay Доллары
Доллары  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Афғонистон аз дастрасӣ ба пул маҳрум мешавад, агар ҳайати ҳукумати навро тағйир надиҳад
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Хазинаи Байналмилалии Асъор ҳамкорӣ бо Афғонистонро қатъ кард. Дар ин бора сухангӯи ХБА Ҷерри Райс зимни брифинге хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамкорӣ бо ин ҳукумат то он даме ки қонунӣ будани мақомоти нави кишварашро давлатҳои дигар эътироф накунанд, барқарор нахоҳад шуд.

"Мо дар эътирофи ҳукумат дар Афғонистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ мекунем. Аз ин рӯ барномаи ХБА дар ин кишвар боздошта шуд",- гуфт Райс.

Вай хотирнишон кард, ки "Толибон"* ба ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ, ки дар аввали моҳи август дар байни кишварҳо тақсим шудаанд, дастрасӣ надоранд. Илова бар ин Райс аз вазъи ноором дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард.
"Вазифаи таъхирнопазир бояд расонидани кӯмаки башардӯстона ба аҳолии ин кишвар ва иҷозати интиқоли пул, аз ҷумла интиқоли пули хурд, инчунин кӯмак ба кишварҳое бошад, ки паноҳандаҳоро қабул мекунанд", - таъкид кард намояндаи ХБА.
Қаблан Иёлоти Муттаҳида аксари захираҳои Бонки марказии Афғонистонро масдуд кард. Ҳоло тақрибан ҳафт миллиард доллар барои ин кишвар дастрас нест.
Ведущая защитница прав афганских женщин, писательница, бывший представитель Бадахшана Афганистана в парламенте страны Фавзия Куфи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Фавзия Кӯфӣ: "Толибон"* наметавонанд Афғонистонро идора кунанд
"Толибон"*, ки дар ин кишвар ба сари қудрат омаданд, иқдомотеро рӯйи даст гирифтанд, ки ҳадафашон нигоҳ доштани қурби пули амрикоӣ дар дохили ин кишвар буд. Яке аз онҳо манъи фурӯши доллар буд. Ҳоло афғонистониҳо аз бонкҳои Афғонистон танҳо пули миллии ин кишварро дарёфт карда метавонанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҷангҷӯёни толиб ҳукумати наверо муаррифӣ карданд, ки он ба вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шуд.
Бар хилофи ваъдаҳо кобинаи вазиронашон фарогир набуд. Дар он намояндагони нерӯҳои гуногуни сиёсии Афғонистон, мақомоти ҳукумати собиқ ва занон ба назар намерасанд.
Аксари давлатҳо эътирофи қонунии чунин ҳукуматро рад ва аз "Толибон"* талаб карданд, ки ҳайати онро тағйир диҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала