Моди аз камбуди эътимод миёни бархе кишварҳои СҲШ гуфт

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр Республики Индия Нарендра Моди. Архивное фото.
Премьер-министр Республики Индия Нарендра Моди. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Обуна шудан
Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон аз камбуди эътимоди тарафайн миёни бархе аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой гуфт
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Сарвазири Ҳиндустон, ки дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ аз тариқи онлайнӣ суҳбат мекард, хостори ҳамкории бештари кишварҳои созмон шуд.
Ӯ аз вуруди Эрон ба созмон истиқбол карда, таваҷҷуҳи кишварҳои дигарро ба ин созмон зиёд арзёбӣ намуд.
Ба гуфтаи Моди, кишварҳои Осиёи Марказӣ пайвандгари бозорҳои бузурги ҷаҳонӣ мебошанд, аммо дар ҳоли ҳозир адами эътимод боис шудааст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ наметавонанд ба таври комил аз роҳҳои баромад ба баҳр истифода кунанд.
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев на саммите ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Мирзиёев вуҷуди "Толибон"*-ро факт гуфт ва ташкили мулоқот дар Тошкандро хостор шуд
Сарвазири Ҳиндустон таъкид намуд, ки робитаи анъанавӣ дар минтақа бояд барқарор шавад, то фосила зиёд нагардад, балки кишварҳо ба ҳамдигар наздик шаванд.
Ӯ гуфт, бояд тафаккури навоварона дар ҷавонон дастгирӣ ёбад ва тариқи ҳимояти нерӯҳои навовар рушди минтақа баробари кишварҳои мутараққӣ таъмин гардад. Дар зимн Моди махсусан зарурати таваҷҷуҳ ба фанновариҳои ҷадидро муҳим хонд.
СҲШ ҳашт кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистонро шомил буда, расмиёт барои узвияти комилҳуқуқи Эрон низ дар нишасти Душанбе оғоз гашт.
Лентаи хабарҳо
0