Раҳмон ва Бердимуҳаммадов интиқоли мол тавассути бандарҳои Туркманистонро баррасӣ карданд

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон президент Таджикистана, и Гурбангулы Бердымухамедов президент Туркменистана
Эмомали Рахмон президент Таджикистана, и Гурбангулы Бердымухамедов президент Туркменистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Президентҳо истифодаи бандарҳои баҳрии Туркманистонро барои интиқоли мол ба Тоҷикистон баррасӣ карданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.
Раҳмон бо Бердимуҳаммадов пас аз вуруди раҳбари туркман ба Душанбе дар Қасри Миллат мулоқот кард.
В Туркменистане прошёл экономический форум Центральной Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Вазири тоҷик аз имзои 5 созишномаи ҳамкорӣ бо корхонаҳои Туркманистон хабар дод
Президентҳо рушд ва густариши муносибатҳоро дар соҳаҳои дурнамои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва боркашонӣ, аз ҷумла, истифода аз бандарҳои баҳрии Туркманистон барои интиқоли мол ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо ҳамзамон ба зарурати тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ таъкид карданд.
Гуфта мешавад, дар мулоқот зимни баррасии масоили амниятии минтақавӣ вазъи сиёсию низомии Афғонистони ҳамсоя муҳокима карда шуд.
"Сарони ду давлат хостори ҳар чӣ зудтар бо роҳи мусолиматомез ҳал кардани қазияи ин кишвари ҷангзада шуданд", - афзудааст манбаъ.
Президентҳо инчунин оид ба дигар мушкилоти мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа табодули афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба ҳайси меҳмони фахрӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай омад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала