Раиси Палатаи савдо ва саноати Русия Суғд омад

© Пресс-служба администрации Согда Президент торгово-промышленной палаты России Сергей Катырин и глава Согда Раджаббой Ахмадзода
Президент торгово-промышленной палаты России Сергей Катырин и глава Согда Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Сергей Катирин барои роҳандозии ҳамкорӣ байни соҳибкорони ду кишвар бо ҳамтоёнаш дар Тоҷикистон мулоқот мекунад
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Раиси Палатаи савдо ва саноати Русия Сергей Катирин бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд омад, хабар медиҳад дафтари матбуотии ҳукумати вилоят.
Дар фурудгоҳи Хуҷанд ӯро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пешвоз гирифт.
Катирин ва Аҳмадзода аллакай бо намояндаҳои дар шаҳри Гулистон бо намояндагоне аз доираҳои соҳибкорӣ мулоқот кардаанд.
Роҳбари Суғд таъкид кардааст, ки ташкили чунин вохӯриҳо, сафари мутақобилаи ҳайатҳо ва иштирок дар ярмаркаҳои тиҷоратию саноатӣ ба таҳкими робитаҳои минтақаӣ мусоидат хоҳанд кард.
Грузовики перевозят грузовые контейнеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Афзоиши гардиши коло миёни Тоҷикистону Русия
Ӯ гуфт, вилояти Суғд, ки бо номи "водии имконот" маъруф аст, бо ҳашт минтақаи Федератсияи Русия, аз ҷумла Оренбург, Саратов, Астрахан, Иваново, Свердловск, Нижний Новгород, Олтой ва Доғистон созишномаҳои тафоҳум ва ҳамкорӣ дорад.
Илова бар ин бахши Палатаи савдо ва саноат дар вилояти Суғд бо Палатаҳои савдо ва саноати 21 минтақаи Федератсияи Русия созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Дар зимни дидор сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Суғд Шарифҷон Аҳмадов, сардори Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов, мудири "Fortuna Co" Муъмин Умаров, роҳбари "Гурӯҳи захираҳо" Ренат Шигапов, роҳбари Анҷумани рушди сайёҳии Зарафшон Ҷамшед Юсупов ва дигарон ширкат карданд.
Дар назар аст, роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Русия ва соҳибкорони тоҷик мулоқотҳои муҳими корӣ баргузор карда, ҳамзамон аз корхонаҳои саноатии Суғд ва аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ дидан кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала