Рустами Эмомалӣ ва Владимир Норов бунёди Боғи СҲШ-ро оғоз карданд

Сад имени Ахмади Дониша  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Дар пойтахти Тоҷикистон боз як боғи дигар бунёд мешавад, ки он Боғи "Созмони Ҳамкории Шонгҳой" номгузорӣ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар Душанбе шаҳрдори Рустам Эмомалӣ ва Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шонгҳой Владимир Норов ба сохтмони боғи нави фарҳангию фароғатӣ санги асос гузоштанд, хабар медиҳад шаҳрдории пойтахт.
Гуфта мешавад, ки боғи нави фарҳангию фароғатӣ Боғи СҲШ номида мешавад ва дар атрофи кинотеатру толори консертии "Кохи Боробад", тақрибан дар маркази пойтахт ҷойгир хоҳад шуд.
Шаҳрдорӣ гуфт, ки дар қаламрави боғ намоишгоҳи дутабақа низ қомат меафрозад.
Глава Комитета по архитектуре и строительству Махмадсаид Зувайдзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2021
Зувайдзода гуфт, Боғи Истиқлолро кӣ ва аз кадом ҳисоб месозад
Гуфта мешавад, ҳама кишварҳои узви СҲШ дорои толорҳои ҷудо барои намоишҳо хоҳанд буд, ки бо услуби миллӣ оро дода мешаванд.
Ҳамин тариқ дар Душанбе боз як макони зебои фарҳангӣ - фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт бунёд мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала