Си Ҷинпин дар бораи дахолати хориҷиҳо ва интихоботи дохилии кишварҳои СҲШ

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкПредседатель Китайской Народной Республики Си Цзиньпин на пленарном заседании Петербургского международного экономического форума 2019
Председатель Китайской Народной Республики Си Цзиньпин на пленарном заседании Петербургского международного экономического форума 2019  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Обуна шудан
Си Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин дахолат аз берун ба умури дохилии кишварҳои узви СҲШ-ро маҳкум кард
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Чин хостори таҳкими машварату ҳамоҳангии кишварҳои узви СҲШ шуда, дахолати хориҷиро номақбул номид.
Ҷинпин, ки онлайнӣ дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ суханронӣ мекард, аз гузарондани маъракаҳои муҳими сиёсии дохили кишварҳо гуфт. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки интихоботҳо бояд бидуни дахолати хориҷӣ сурат гиранд ва аз ҳама гуна дахолат бояд ҷилавгирӣ шавад.
Раисҷумҳури Чин муҳим хонд, ки кишварҳои узв масири рушд ва ояндаи кишварҳоро дар дасти худ нигоҳ доранд.
Премьер-министр Республики Индия Нарендра Моди. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Моди аз камбуди эътимод миёни бархе кишварҳои СҲШ гуфт
Вай талошҳои сиёсӣ кардани пайдоиши каронавирусро интиқод карда, хостори тақсими боадолатона воксин алайҳи ин беморӣ шуд.
Ба гуфтаи Ҷинпин, сиёсату меъёрҳо набояд бо зӯрӣ таҳмил шаванду дар умури байналмилалӣ бояд аз эҳтирому эътироф кор гирифт.
Дар баробари ин раисҷумҳури Чин хостори шароити беҳтари интиқоли бору рушди тиҷорат миёни кишварҳои узви СҲШ шуд. Ӯ ҳамчунин ҷудо намудани ҷойҳои таҳсил барои тайёр намудани мутахассисон дар робита ба решакан кардани камбизоатӣ дар кишварҳои узви созмонро ваъда дод.
Лентаи хабарҳо
0