Баррасии дурнамои ҳамкории соҳибкорони Русияву Тоҷикистон дар Гулистон

© пресс-служба Совета Федерации РФФлаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Соҳибкорони Русияву Тоҷикистон дар Суғд дурнамои ҳамкориро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Доираҳои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони Суғд масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ карданд.
Ба гузориши дафтари матбуотии мақомоти вилояти Суғд, дар ин ҷаласа раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, президенти Палатаи савдо ва саноати Русия Сергей Катирин, соҳибкорони рус, раисони бархе шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони блоки иқтисодии вилоят, корхонаҳои бузурги саноатӣ ва соҳибкорони инфиродӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории иқтисодиро баррасӣ карданд.
Раиси вилоят дар мулоқот иброз дошт, ки ташкили чунин мулоқоту сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳо ва иштирок дар ярмаркаҳои тиҷоративу саноатӣ барои таҳкими робитаҳои минтақаӣ заминаи устувор мегузорад.
Президент торгово-промышленной палаты России Сергей Катырин и глава Согда Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Раиси Палатаи савдо ва саноати Русия Суғд омад
“Дар замони муосир ҷустуҷӯву дарёфти шарикон барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак амри зарурӣ буда, дар ин самт вилояти Суғд омодаи ҳамкории мутақобилан судманд мебошад. Вилояти Суғд, ки чун "водии имконот" шинохта шудааст, бо ҳашт минтақаи Русия — Оренбург, Саратов, Астрахан, Иваново, Свердловск, Нижегород, Алтай ва Доғистон ёддошти тафоҳум ва созишномаҳои ҳамкорӣ имзо кардааст”, - гуфт Аҳмадзода.
Ҳамзамон гуфт мешавад, ки Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд бо палатаҳои савдо ва саноати 21 минтақаи Русия созишномаҳои ҳамкорӣ имзо намудааст.

“Дар назар аст, ки бо ташкили чунин мулоқоту вохӯриҳо ҳамкорӣ боз ҳам тавсеа ёфта, мубодилаи молу маҳсулот афзун ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак бештар гардад”,-таъкид кардааст Аҳмадзода.

Манбаъ илова кардааст, ки президенти Палатаи савдо ва саноати Русия Сергей Катирин, сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов, роҳбари Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов, мудири ширкати “Фортуна Ко” Муъмин Умаров, роҳбари гурӯҳи корхонаҳои “Ресурс”-и Русия Ренат Шигапов, роҳбари Анҷумани рушди сайёҳии “Зарафшон” Ҷамшед Юсупов дар бораи рушди ҳамкорӣ, истифодаи имконоти дуҷониба ва тақвияти робитаҳои миёни доираҳои соҳибкорӣ табодули назар карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала