Тағйироти кадрӣ дар СҲШ: Президентҳо роҳбарони навро таъйин карданд

© дафтари матбути раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ҷумъахон Ғиёсов рутбаи генералӣ дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ҷумъахон Ғиёсов рутбаи генералӣ дод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Дар Созмони ҳамкории Шонгҳой тағйироти кадрӣ сурат гирифт, ки аз ҷониби роҳбарони давлатҳои узв дар Душанбе тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Владимир Норов, намояндаи Ӯзбекистон, ки аз аввали соли 2019 дар мақоми дабири кулли СҲШ фаъолият мекунад, мақомашро ба намояндаи Чин медиҳад.
Бар асоси санади имзокардаи роҳбарони давлатҳои узви СҲШ дар Душанбе, дабири кулли нави ин созмон Жан Мин, намоянда аз Чин таъйин гардид. Интизор меравад, ки Жан Мин ба кор дар мақоми нав аз оғози соли оянда пардозад.
Инчунин Ҷумъахон Ғиёсов, намояндаи Тоҷикистон, ки аз 1 январи соли 2019 раҳбарии Кумитаи иҷроияи сохтори минтақаии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шонгҳойро бар уҳда дорат, тарки мақом мекунад.
Имран Хан, примьер министр Пакистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Имрон Хон дар бораи вазъи Афғонистон ва ваъдаҳои "Толибон": Ин фурсати хуби хатми ҷанг аст
Ҷойгузини Ғиёсов дар мақоми раиси Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шонгҳой намояндаи Ӯзбекистон Руслан Мирзоев мешавад.
Мақомдорони СҲШ барои се сол таъйин мегарданд.
СҲШ ҳашт кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистонро шомил буда, расмиёт барои узвияти комилҳуқуқи Эрон низ дар нишасти Душанбе оғоз гашт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала