Бозкушоии макотиб дар Афғонистон бе ҳузури духтарон: ЮНИСЕФ вокуниш кард

© AFP 2021 / Aamir QureshiСтуденты во время урока в университете в Кабуле
Студенты во время урока в университете в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Толибон* аз боз шудани мактабҳо дар Афғонистон хабар доданд, аммо танҳо 27 сентябр донишҷӯён ва омӯзгорони мардро ба мактаб даъват карданд. Дар изҳорот духтарони зан ва омӯзгорон зикр нашудаанд.
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Вазорати маорифи Толибон* дар як изҳорот эълом кардааст, ки ҳамаи мактабҳои ибтидоӣ, мактабҳои миёна ва мактабҳои расмии синфи мардона иттилоъ дода мешавад, ки раванди таълимро аз 27 сентябр оғоз кунанд.
"Ҳамаи омӯзгорон ва донишҷӯёни мард бояд ба мактабҳо ҳозир шаванд", - хабар додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба қарори Вазорати маорифи Толибон*.
Дар ин баёния, ки рӯзи ҷумъаи 17 сентябр нашр шуд, танҳо аз "устодон ва донишҷӯёни мард" ба мактабҳо даъват карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ЮНИСЕФ мегӯяд, ки аз ифтитоҳи мактабҳои миёнаи писарон пас аз чанд моҳи басташавӣ дар Афғонистон истиқбол мекунад, аммо мегӯяд, духтарон набояд аз раванди таҳсил дар канор монанд.
Ҳенритта Фор, директори иҷроияи ЮНИСЕФ ё Сандуқи Кӯдакони СММ дар як изҳороти ахираш гуфт, ки вай аз ифтитоҳи мактабҳо дар Афғонистон пас аз моҳҳот басташавӣ истиқбол мекунад, аммо аз ин ки ба бисёр духтарон иҷоза бозгашт дода нашаванд, изҳори нигаронӣ кардааст.
Эвакуированные семьи в аэропорту Dulles в США  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Тағйири вазорати занони Афғонистон ба вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар - акс
ЮНИСЕФ аз шарикони рушди худ даъват кардааст, ки кӯдаконро дар Афғонистон дастгирӣ кунанд.
Ҳамзамон Толибон* рӯзи сешанбе номи Вазорати занонро ба Вазорати амр бар маъруф ва наҳй аз мункар иваз карданд.
Толибон* то кунун тағйири номи Вазорати занон ва даъват нашудани духтарони мактабхону занони омӯзгорро ба тадрису таълим шарҳ надодаанд.
Толибон* қаблан гуфта буданд, ки дар фаъолиятҳои иҷтимоии занон ва таҳсилоти онҳо ҳеҷ мушкиле надоранд, аммо ин бояд дар доираи "шариати исломӣ" бошад.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (слева) прибывает на свою первую пресс-конференцию в Информационный центр правительственных СМИ в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
“Толибон”* аз забони ӯзбекӣ даст кашиданд
Гурӯҳи тундрав ахиран низ изҳор дошт, ки бо донишҷӯдухтарон мушкиле надорад, аммо бояд "ҷудо кардани ҷинс" дар донишгоҳҳо сурат гирад ва барномаҳои таълимӣ аз нав дида шаванд.
Ҳукумати Толибон* беш аз моҳ мешавад, ки дар Афғонистон қудратро дар даст дорад ва то кунун ҳеҷ давлате онҳоро ба расмият нашинохтааст.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин гуруҳи тундрав тақозо дорад, ки дар кишвар ҳукумати ҳамашумул бо дарназардошти ҳуқуқу озодиҳои мардум, аз ҷумла занон ташкил карда шавад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала