Гардиши мол миёни Чин ва кишварҳои СҲШ 20 маротиба афзоиш ёфт

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузаштан ба хазинаи аксМорской торговый порт. Архивное фото
Морской торговый порт. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Гардиши тиҷоратӣ байни Чин ва кишварҳои СҲШ дар соли 2020 ба 245 миллиард доллар мерасад
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik.Муомилоти мол байни Чин ва кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар 20 соли охир 20 маротиба афзудааст, хабар медиҳад телевизиони марказии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо истинод ба Вазорати тиҷорат.
Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2001 ҳаҷми тиҷорати байни Чин ва кишварҳои узви СҲШ ҳамагӣ 12 миллиард доллар буд.
Эмблема ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Беш аз 60 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои СҲШ мебошад
Ҳамзамон, дар соли 2020 ин рақам ба 245 миллиард доллар расид.
Гуфта мешавад, ки аз моҳи январ то июли соли 2021 гардиши мол байни Чин ва кишварҳои узви СҲШ 180,6 миллиард долларро ташкил додааст. Нишондиҳанда дар як сол 41% афзоиш ёфт.
Се шарики нави СҲШ кадом кишварҳоянд?
То охири моҳи июли соли 2021 бошад, Чин ба кишварҳои узви СҲШ беш аз 70 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала