Мулоқоти сарони Тоҷикистону Эрон: Раҳмону Раисӣ чиро баррасӣ карданд?

© NakibMurodovМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сайид Иброҳим Раисӣ
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сайид Иброҳим Раисӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Раҳмон ва Раси рушди инфрасохтор ва пайвасти шабакаҳои нақлиётӣ, бунёди роҳҳои заминӣ, оҳан ва пайвасти онҳо бо бандарҳои обии Эронро барои тамосҳои башарӣ зарур шумурданд
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон бо раҳбари тозаинтихоби Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ маҷмуъи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон, мавзӯъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалмро баррасӣ кардаанд, хабар медиҳад котиботи президент.
Зимни мулоқот ба масъалаи таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар чандин бахшҳои ояндадор, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, коммуникатсия, энергетика, саноат, фарҳанг, маориф ва илм, таъмини амният ва дигар арсаҳои барои ҳар ду ҷониб судовар, таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст.
Новоизбранный президент Ирана Ибрахим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Эълони фасли ҷадиди ҳамкориҳои Душанбе ва Теҳрон
Сарони Тоҷикистону Эрон барои афзоиши ҳаҷми гардиши мол пешниҳод кардаанд, ки Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030 таҳия гардида, барои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ фаъолияти Палатаи муштараки савдо ва саноати Тоҷикистону Эрон ва Шӯрои муштараки сармоягузорӣ байни ду кишвар роҳандозӣ карда шавад.
Ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои саноату кишоварзӣ, энергетика ва маъдан, аз ҷумла дар бахшҳои сохтмони саддҳо, нерӯгоҳҳо, бунёди корхонаҳои тавлиди дору, масолеҳи сохтмон ва дигар самтҳои дигару судманди робитаҳои дуҷониба номида шуд.
Ҷонибҳо рушди инфрасохтор ва пайвасти шабакаҳои нақлиётӣ, бунёди роҳҳои заминӣ, оҳан ва пайвасти онҳо бо бандарҳои обии Эронро барои тамосҳои башарӣ зарур шумурданд.
Президент Ирана Эбрагим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Сипоси Раисӣ барои узвияти Эрон дар СҲШ: Ӯ гуфт, дар кораш ба чӣ авлавият медиҳад
Баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният, робитаҳои сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир, ба манфиати ду кишвар ва минтақа номида шудааст.
Ҷонибҳо аз вазъи сиёсию низомӣ дар кишвари Афғонистон изҳори нигаронӣ карданд, зеро ин ҳолати мураккаб ба амнияту суботи минтақа таҳдид мекунад.
Ҷониби Тоҷикистон оғози расмиёти пайвастани Ҷумҳурии Исломии Эронро ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай истиқбол намуда, изҳори итминон кард, ки робитаҳои муштараки ду кишвар дар ин созмон ба дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкории созанда мусоидат хоҳад намуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала