Дар Новосибирск се муҳоҷири тоҷик дар як мошини иҷора зинда сӯхтанд

© Sputnik / Павел ЛьвовДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Обуна шудан
Автомобили тамғаи Volkswagen Polo пас аз бархӯрд ба сутунпояи чароғаки раҳнамо оташ гирифт
Се муҳоҷири тоҷик дар як мошини иҷорагирифтаашон дар маркази Новосибирск дучори садамаи мудҳиш шудаанд, хабар медиҳад шӯъбаи полиси роҳ дар шаҳр.
Фоҷиа субҳи барвақти 18 сентябр дар кӯчаи Депутатская рух додааст.
Тибқи фарзияи пешакӣ, ронанда идораро аз даст дод ва ба сутуни чароғаки кӯча бархӯрд.
Иброҳим Азизов - ҷавони 24 -солаи тоҷики муқими ИМА - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2021
Ҳалокати донишҷӯи тоҷик дар садамаи нақлиётӣ дар Ню-Йорк: донандаи 5 забон буд
Дар натиҷаи садама ҳар се марди дар мошин буда фавтидаанд. Мошин бошад, пурра сӯхтааст.
Маълум шудааст, ки фавтидагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, шахсияти онҳо пас аз тафтиш маълум хоҳад шуд.
Сабаби рухдоди ҳодиса мушаххас карда мешавад. Ҳамчунин муайян карда мешавад, ки оё ронанда маст будааст ё не.
Лентаи хабарҳо
0