Иқрор ва узрхоҳии Пентагон аз фавти ғайринизомиён зимни ҳамлаи ҳавоӣ дар Кобул

CC BY-SA 2.0 / Mariordo59 / Aerial view of the Pentagon, Arlington, VAЗдание Пентагона в США
Здание Пентагона в США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Раҳбари Пентагон барои куштори ғайринизомиён дар ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ дар Кобул узр хост
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Раҳбари Пентагон Ллойд Остин эълом дошт, ки ба зердастонаш дастур додааст, ки тафтиши ҳамаҷонибаи зарбаи ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ дар Кобулро, ки рӯзи 29 август сурат гирифт, анҷом диҳанд.
"Мо узр мехоҳем ва кӯшиш мекунем, ки аз ин хатои мудҳиш сабақ гирем", - гуфт ӯ.
Барои ин манзур, ман дастури баррасиии комили таҳқиқотро, ки ба тозагӣ тавассути ситоди фармондеҳӣ марказии Амрико такмил шудааст, додам.
Ӯ гуфт, ман ин дархостро кардам то мизони таҳқиқ ва баррасии ҳама заминаҳо ва иттилооти мавҷуда мушаххас шавад.
Ин дар ҳолест, ки генерал Кенет Маккензи, фармондеҳи ситоди фармондеҳии марказии ИМА низ маъзаратхоҳӣ кард.
Мақомоти амрикоӣ ба расонаҳо гуфтаанд, ки дар амалиёте бо мушаке, ки аз ҳавопаймои бесарнишин партоб шудааст, бомбгузори маргталабро дар мошине ҳадаф қарор доданд, ки қасд дошт ба фурудгоҳи Кобул ҳамла кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала