Пентагон бори дигар дар бораи қудрати фавқулодаи артиши Русия сухан гуфт

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузаштан ба хазинаи аксАрмейская снайперская крупнокалиберная винтовка АСВКМ (6В7) с 1П88-2, архивное фото
Армейская снайперская крупнокалиберная винтовка АСВКМ (6В7) с 1П88-2, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Муовини дабири кулли Ситоди муштараки артиши Амрико артиши Русияро қавӣ ва муосир арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Генерал Ҷон Ҳейтон, муовини дабири кулли ситоди муштараки артиши Амрико гуфт: “Артиши Русия тавоно аст ва бо техникаи муосир муҷаҳҳаз аст".
"Русия як артиши бениҳоят қавӣ дорад, фаҳмидани он муҳим аст, ки онҳо дар тӯли 20 соли охир чӣ қадар тағир ёфтаанд", - гуфт Ҳейтон дар як чорабинии маҷозӣ, ки Шӯрои Атлантик баргузор кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, Русия бо силоҳи ҳастаии муосир, кайҳон ва имконоти кибернетикӣ як чолиши ҷиддӣ барои Иёлоти Муттаҳида аст.
Малый ракетный корабль Гейзер, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Як мушак кифоя аст: нерӯҳои баҳрии Русия бо "силоҳи қотил" мусаллаҳ мешавад
Ба гуфтаи Ҳейтон, Иёлоти Муттаҳида ҳеҷ гоҳ кӯшиш накардааст, ки дар як вақт ду бозигари асосӣ - Русия ва Чинро ба тавре щамзамон мащор кунад.
"Дар тӯли таърихи худ ҳамчун як қудрати ҳастаӣ, мо ҳеҷ гоҳ бо ду душмани ҳастаӣ дучор нашудаем", - гуфт ӯ.
"Ҳамзамон бо Русия ва Чин муомилаи муассир муҳим аст", - гуфт ӯ.
Ӯ таъкид кард, ки муколамаи стратегӣ бо Русия ва Чин барои суботи ҷаҳон муҳим аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала