Раҳмон ва Раисӣ хоҳони ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар Панҷшер шуданд

© Дафтари матбуоти презтиденти ҶТЭмомали Рахмон и Сайид Иброхими Раиси на пресс-конференции
Эмомали Рахмон и Сайид Иброхими Раиси на пресс-конференции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо ҳамтои эрониаш ба масъалаи Афғонистон таваҷҷуҳи хос додааст
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон нооромӣ дар Афғонистон амнияту суботро дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба таври ҷиддӣ халалдор мегардонад.
Вай зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки Тоҷикистону Эрон таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва фарогири манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қавму миллатҳои сокини Афғонистонро омили калидии истиқрори сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон медонем.
Эмомали Рахмон президент РТ и Сайид Иброхим Раиси, президент Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Раҳмон сафари раисҷумҳури Эронро ба Тоҷикистон оғози марҳалаи нави равобити кишварҳо хонд
Вай зикр кард, ки дар музокироти дирӯза бо ҷониби Покистон Тоҷикистону Эрон таъкид бар карданд, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо бояд ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.
“Зимнан итминон ҳосил гардид, ки сулҳу суботро дар Афғонистон метавон фақат бо ҳамин роҳ таъмин кард”, - гуфт Эомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон инчунин, қайд кард, ки ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза дониста шуд.
“Дар ин замина мо ба мувофиқа расидем, ки тамоми кӯшишҳои худро ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар намуда, ба баргузории музокирот байни тоҷикон ва толибон дар шаҳри Душанбе мусоидат намоем. Мо бар онем, ки дар пешбурди ин раванд Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад”, - таъкид дошт кишвардори Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, риояи манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини Афғонистон, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому эътирофи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ амри зарурист.
Эмомали Рахмон и Сайид Иброхими Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Эрону Тоҷикистон 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонданд
“Бар ин назарем, ки маҳз чунин муносибат метавонад ба барқарории сулҳу субот дар Афғонистон мусоидати ҷиддӣ намояд. Мо - Тоҷикистону Эрон ба ҳайси ҳамсояҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг беш аз дигарон ба амнияти Афғонистон манфиатдорем”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Роҳбари Тоҷикистон дар ин нишасти хабарӣ бори дигар такрор кард, ки афзоиши хушунат ва даргириҳо дар Афғонистон бо миқёси солҳои 90-уми асри гузашта метавонад боиси сар задани фалокати башарӣ дар ин кишвар ва боз ҳам сангинтар шудани зиндагии сокинони он, ҳамчунин ба ҳайси маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат гардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала