“Толибон”* аз забони ӯзбекӣ даст кашиданд

© AP / Rahmat GulПредставитель Талибана Забихулла Муджахид (слева) прибывает на свою первую пресс-конференцию в Информационный центр правительственных СМИ в Кабуле
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (слева) прибывает на свою первую пресс-конференцию в Информационный центр правительственных СМИ в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Обуна шудан
Дар Афғонистон меъёри қонунгузорӣ тағйир ёфт: забони ӯзбекӣ дигар мақоми забони давлатӣ надорад
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ҳукумати нави Афғонистон як қонуни муваққатиеро содир карданд, ки тибқи он низоми нави ҳукуматдориро ҷорӣ мекунад ва ба ҷои се забони давлатӣ, ки қаблан дар қонунгузорӣ пешбинишуда буд, ду забони расмӣ боқӣ мемонад.
Санади дахлдор дар ихтиёри хабаргузории РИА Новости қарор дорад.
Ҳамчунин дар ин санад гуфта шудааст, ки "рӯзи истиқлолият аз Бритониё, русҳо ва амрикоиҳо" Иди давлатӣ хонда мешавад
Ёдовар мешавем, ки 31 август дар сӯҳбат бо Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон “Толибон”* итминон доданд, ки дар баробари пашту ва дарӣ забони узбакӣ яке аз забонҳои расмии давлати ҷадиди Афғонистон боқӣ мемонад.
Сайид Ибрагим Раиси, президент Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Раисҷумҳури Эрон: давлати Афғонистон бояд фарогир бошад
Инчунин дар ин ҳафта ҳукумати нави “Толибон”* вазорати корҳои занонро барҳам доданду фаъолияти вазорати сулҳро қатъ кард.
Ҳамчунин дар Афғонистон мактабҳо ба фаъолият шурӯъ карданд, аммо бидуни омӯзгорону донишҷӯёни зан.
СММ аллакай аз амалҳои ахири "Толибон"8 дар ҳаёти ҷамъиятии Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст.
* - ташкилоти террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0