Бедаракшавии модари 18-солаи тоҷик бо тифлаш дар Русия

Новорожденный ребенок. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
Дар Русия як модари ҷавони тоҷикистонӣ бо тифли навзодаш бедарак шудааст
ДУШАНБЕ, 19 сен – Sputnik. Пулис ва идораи минтақавии тафтишотӣ дар вилояти Ленинград модари ҷавон ва тифли навзодашро меҷӯяд, ки аз 16 сентябр ба ин тараф бедарак мебошад.
Расонаи минтақавӣ, 47news хабар дод, ки нисфирӯзи 18 сентябр ба идораи пулис дар ноҳияи Кириш марди 53-сола муроҷиат карда, аз бедаракшавии духтари ҷавонаш бо набераи навзодаш хабар додааст.
Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки духтараш рӯзи 16 сентябр дар пайи муноқиша аз хона дар бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Строителей берун шуда, бедарак гардидааст. Ҷавонзан дар даст писари зодаи соли 2021 доштааст.
Ужесточение карантинного режима  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
ИДМ бозори муштараки меҳнат таъсис медиҳад
Маълум аст, ки бедаракшуда шаҳрванди Тоҷикистон буда, дар деҳаи Пчевжа дар ноҳияи Кириш иқомат доштааст.
Шавҳари 28-солаи ҷавонзани бедаракшуда, ки худ низ шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, зимни бозпурсӣ дар идораи пулис изҳор доштааст, ки ҳамсараш ба хонаи падар рафтааст ва дигар ба тамос набаромад, чун телефони мобилӣ надорад.
Ба иттилои пулис, бори охир субҳи 17 - уми сентябр модари ҷавонро ҳангоми нишастан ба электричка дидаанд. Ба таҳқиқи ин қазия шуъбаи ноҳиявии идораи тафтишотии вилояти Ленинград машғул мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала