Ҳукумати Тоҷикистон истифодаи зарфу борҷомаҳои пластикиро манъ мекунад

© аз котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонШерализода Баҳодур Алиҷони, раиси нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон
Шерализода Баҳодур Алиҷони, раиси нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, вуруд ва истифодаи маводи пластикӣ ба кишвар марҳила ба марҳила маҳдуд ва манъ мешавад
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон изҳор дошт, ки бештари партовҳоро дар ҷумҳурӣ зарфҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ ташкил медиҳанд.
Баҳодур Шерализода иттилоъ дод, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо дастгирии Ҳукумати мамлакат давра ба давра воридот, истеҳсолу истифодаи зарфу борҷомаҳои пластикиро манъ мекунад.
Ӯ санаи дақиқи маҳдудсозиро ном набурда, дар суҳбат бо рӯзномаи ҳукумати Тоҷикистон, "Ҷумҳурият", таъкид намудаст, ки бар асоси қатъномаи Маҷмаи умумии СММ тули даҳ соли оянда бояд 170 кишвари олам истифодаи маводи пластикиро маҳдуд созад.
Ба гуфтаи Шерализода, аллакай бисёри кишварҳо аз истифодаи маводи пластикӣ даст кашидаанд, бархе онро манъ ё маҳдуд кардаанд ва кишварҳои дигар низ омодагияшонро барои чунин иқдом баён доштаанд.
Ҷамъоварии пахта аз сӯи мақомдорони вилояти Суғд, бо иштироки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ин вилоят - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Як сомонӣ барои як кило "тиллои сафед": Дар Суғд арзиши пахта боло рафт
Раиси Кумита афзуд, ки Тоҷикистон низ ният дорад чунин тадбирҳоро давра ба давра роҳандозӣ кунад. Дар мавриди он, ки ба ҷойи борҷомаю зарфҳои пластикӣ чӣ истифода бурда мешавад, Шерализода изҳор доштааст, ки Тоҷикистон истеҳсолкунандаи пахта мебошад ва аз навъи пасттарини он метавон борҷомаву халтаҳои латтагӣ омода кард.

"Барои фаҳмидани талаботи аҳолӣ ба чунин намуди маҳсулот пешакӣ дар марказҳои савдо таҷриба гузарондем ва маълум кардем, ки шаҳрвандон бештар маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, яъне борҷомаҳои халтагӣ ва коғазиро меписанданд", - илова намуд ӯ.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, феълан дар ҷумҳурӣ 73 партовгоҳи партовҳои сахти маишӣ бо масоҳати 300 гектар мавҷуд аст.
Баҳодур Шерализода дар рушди саноат коркарди партов, аз зинаҳои аввали онро муҳим хондааст, ки ба гуфтаи ӯ сармояи зиёдро талаб мекунад.Ӯ афзудааст, ки барои татбиқи коркарди партов ҳанӯз дар марҳилаҳои аввал Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамкорӣ бо бахши хусусиро тақвият медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала