Интихоботи Думаи давлатӣ дар Тоҷикистон: то нисфирӯз нисфи интихобкунандагон раъй доданд

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкГолосование по внесению поправок в Конституцию РФ в Москве
Голосование по внесению поправок в Конституцию РФ в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
Обуна шудан
Cафири Русия дар Душанбе додаҳои муваққат аз теъдоди шаҳрвандони ин кишварро, ки дар интихоботи Думаи давлатии Русия дар Тоҷикистон ширкат кардаанд, эълом намуд
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Игор Лякин-Фролов, ки ҳамзамон раиси Комиссияи интихоботи №8278, ба ҳисоб мешавад, додаҳои мутавассит дар мавриди теъдоди шаҳрвандони Русияро, ки дар Тоҷикистон раъй додаанд эълом кард.
“Ба ҳамин вақт (соати 12-и зуҳр) ҳудуди 5200 шаҳрванди Русия дар Тоҷикистон дар шаш қитъаи интихоботӣ, ки се адади он дар Душанбе, як ададӣ дар Норак, Бохтар ва сарконсулгарии Русия дар Хуҷанд аст, раъй додаанд. Шаҳрвандони мо ба таври суннатӣ фаъолона раъй медиҳанд”, - гуфт сафири Русия дар Тоҷикистон.
Подготовка к выборам в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
СААД омодагии Тоҷикистон ба интихоботи парлумонии Русияро тавсиф кард
Рӯзи 19 сентябр қитъаи раъйдиҳии №8278 дар Душанбе дар сохтмони Дафтари “Россотрудничество” дар Тоҷикистон соати 8:00 ифтитоҳ шуд. Раванди раъйгири тавассути Азиз Диноршоев, як нозири байнулмилалӣ аз Маҷмаъи байнипарлумони Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ва ҳамчунин нозирон аз Палатаи ҷамъиятии Русия назорат мешавад.
Тибқи иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, дар ин кишвар тақрибан даҳ ҳазор шаҳрванди соҳиби раъйи Русия кору зиндагӣ мекунанд.
Ба гуфтаи сафир, давоми чор сол тақрибан 200 ҳазор тоҷикистонӣ шиносномаи Русия гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0