Покистон парвози тахлиявӣ аз Кобулро ташкил кард - видео

Обуна шудан
Парвозҳо аз Афғонистон ба Покистон дар заминаҳои тиҷорӣ ташкил мешаванд
Ширкати ҳавопаймоии Покистон бо ташкили парвоз аз Кобул ба Исломобод хоҳишмандонро интиқол дод. Роҳ ёфтан ба ин парвоз тариқи пардохти ҳаққи чипта имконпазир буд.
Тариқи парвоз аз Покистон ба Афғонистон ҳафт рӯзноманигори хориҷӣ ворид гардидаанд. Зимни парвоз ба Кобул ҳавопаймо тақрибан холӣ будаст.
Қарор дар мавриди ташкили парвозҳои мунтазам ҳанӯз миёни Покистону Афғонистон қабул нашудааст, хабар дод "РИА Новости" бо такя ба ширкати ҳавопаймоӣ.
Қаблан хабар дода шуд, ки рӯзи шанбе аз пойтахти Афғонистон ба Теҳрон ҳавопаймои ширкати "Меҳан" парвоз кард. Пештар дар фурудгоҳи Кобул ҳавопаймоҳо аз Қатар низ фуруд омада буданд.
Афғонистонро дар пайи ғасби қудрат аз сӯи "Толибон"* даҳҳо ҳазор нафар тарк карданд.
*- созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0