Қаҳрамонҳо 100 ҳазор долларӣ мегиранд: эълони ҷоизапулии Чемпионати бокс дар Белград

© Sputnik / Стас ЭтвешБоксерские перчатки, архивное фото
Боксерские перчатки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
Обуна шудан
Хазинаи ҷоизаҳои Чемпионати ҷаҳон дар риштаи бокс байни мардон дар шаҳри Белград, пойтахти Сербия ба маблағи 2,6 миллион доллари ИМА муқаррар шуд
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, аввалин бор дар таърихи 75-солаи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) муштзанҳо дар баробари медал ҷоизапулӣ мегиранд.
Ба иттилои манба, барои барандагони медалҳои тилло 100 ҳазор доллар мукофотпулӣ муайян шудааст. Барандагони медали нуқра 50 ҳазор доллар ва соҳибони медалҳои биринҷӣ дар ҳар вазн 25 ҳазор доллариро соҳиб хоҳанд шуд.
Зӯрозмоиҳо барои қаҳрамонии ҷаҳон аз 24 октябр то 6 ноябр баргузор мешаванд, хабар додааст сомонаи AIBA.
Бокс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Муштзани Тоҷикистон бар асари ҷароҳат аз имконияти дастёбӣ ба камарбанди IBF маҳрум шуд
Дар ҳаимн ҳол Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хотиррасон намудаст, ки AIBA моҳи июни соли 2019 аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ бинобар масъалаҳои молиявӣ ва доварӣ аз мақоми олимпии худ маҳрум карда шуд. Мусобиқаҳои интихобӣ ва олимпии боксро дар Токио худи Кумитаи байналмилалии олимпӣ гузаронд.
Манбаъ афзуд, ки ҳайати роҳбарикунандаи AIBA моҳи май, пас аз созишномаи сарпарастӣ бо Ширкати “Газпром” изҳор дошт, ки қарздор несту 10 миллион доллар қарз, ки ба уҳдаи AIBA буд, ба ширкати озарбойҷонии “Benkons LLC” баргардонида шуд.
Қаблан AIBA ҷоизапулӣ дар Чемпионати Осиё дар Дубайро низ роҳандозӣ карда, роҳбарияти он эълон дошт, ки варзишкорон бояд на танҳо дар майдон муваффақ бошанд, балки худкифо бошанд.
Лентаи хабарҳо
0