Дар Тоҷикистон ба ҷонибдорӣ аз занони Афғонистон садо баланд карданд

© AP / Matthias SchraderАфганские женщины на авиабазе Ramstein в Германии
Афганские женщины на авиабазе Ramstein в Германии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
"Толибон"* саъй доранд, ҳама чизеро, ки занон дар Афғонистон давоми 20 сол ба даст оварданд, нест кунанд
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Ҷангиёни ҳаркати радикалии "Толибон"* наметавонанд ба ҷанги Афғонистон хотима диҳанд. Онҳо бидуни таъмин кардани ҳуқуқҳои аҳолӣ наметавонанд ба тараққиёти устувори иҷтимоию иқтисодӣ даст ёбанд.
Дар ин бора Ширин Исматуллозода, доктори илми филологӣ, профессор, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Агентии Ховар ибрози назар намудааст.
Исматуллозода аз ҷумла ба мушкили занони Афғонистон таъкид намудааст. Ӯ қайд кард, ки ҷангиёни "Толибон"* пас аз омадан ба сари қудрат ва ташкил намудани ҳукумати муваққат боз ба маҳдуд кардани озодӣ ва ҳуқуқи занон шурӯъ намуданд.
Сдача экзаменов в школах Бадахшана на территориях, подконтрольных правительству и Талибану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
"Толибон"*: духтарҳо ба зудӣ ба макотиб бармегарданд
Ба таъкиди ӯ, "Толибон"* ҳамоно садди роҳи шуғли занон ва таҳсили духтарон шуданд.
Ба боварии ин донишманди тоҷик, ҷангҷӯён ҳама чизеро, ки духтарони афғон дар тӯли 20 сол ба даст овардаанд, несту нобуд мекунанд.
"Муносибати бераҳмонаи "Толибон"* бо занон на танҳо ба қонунҳои байналмилалӣ, балки ба таълимоти исломӣ мухолиф аст, ҳарчанд онҳо чунин амалҳоро мувофиқи қонунҳои шариат мешуморанд", - таъкид намудааст Исматуллозода.
Ба гуфтаи вай, радикалҳо динро барои мақсадҳои худ истифода мебаранд.
Бидуни иштироки занон ва намояндагони миллатҳои гуногун дар умури ҳукумат, "Толибон"* наметавонанд вазъи кунунии Афғонистонро ба эътидол оранд.
Ширин Исматуллозода аз ҷангҷӯён даъват кард, ки дар ҷумҳурӣ ҳукумати фарогирро таъсис диҳанд.
Вай афзуд, ки ҷалби занон ба сиёсат дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва кишварҳои дигар натиҷаҳои мусбат нишон дод.
*созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала