ДОИШ* гуфт, беш аз 35 узви "Толибон"*-ро куштааст

© AP / Sherin ZadaВооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото
Вооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Созмони террористии ДОИШ* аз ҳамла болои гурӯҳи террористии "Толибон"*, ки ҳукумат дар Афғонистонро ғасб кардааст, хабар дод
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. ДОИШ бо нашри як изҳорот гуфтааст, ки "Толибон"*-ро дар шаҳри Ҷалолобод ҳадафи ҳамла қарор дод.
Пойгоҳи хабарии "Аъмоқ"-и вобаста ба созмони ДОИШ* хабар додааст, ки шохаи хуросонии ин гурӯҳ рӯзҳои шанбе ва якшанбе бо ҳадаф қарор додани "Толибон"* беш аз 35 узви ин гурӯҳро куштаст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки ДОИШ* рӯзи шанбе худравҳои "Толибон"-ро дар се инфиҷори ҷудогона дар шаҳри Ҷалолобод мавриди ҳамла қарор додаст.
Рӯзи якшанбе доишиҳо мошини ҳомили ҷангҷӯёни "Толибон"*-ро мунфаҷир карданд.
Дым от взрыва возле аэропорта в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Ҳушдори Байден аз ҳамлаҳои нав дар Кобул ва зарбаҳои дигар ба ДОИШ дар Афғонистон
Пештар манобеи хабарӣ аз кушта шудани се нафар дар инҷифорҳои Ҷалолобод хабар дода буданд. Бахши форсии ВВС низ аз қавли шоҳидони айнӣ навиштааст, ки маҷрӯҳони ин ҳамлаҳо ба бемористон интиқол дода шуданд.
Қаблан созмони террористии ДОИШ* масъулияти ҳамла ба фурудгоҳи Кобул дар рӯзҳои охири ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар ин минтақаро ба уҳда гирифта буд.
Ин ҳамлаҳо дар ҳолеянд, ки созмони "Толибон"* баъди ғасби қудрат дар Афғонистон гуфт, ки бо гурӯҳҳои дигари террористӣ мубориза мебарад ва иҷозат нахоҳад дод, ки қаламрави кишварашон ба паноҳгоҳи террористон мубаддал шавад.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала