Файзов Донишгоҳи Осиёи Марказиро баракати истиқлол гуфт ва беҳтаринҳоро қадрдонӣ кард

© Хадамоти матбуотии раиси ВМКБЁдгор Файзов - раиси ВМКБ
Ёдгор Файзов - раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маросими оғози тазҳсил дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ иштирок намуд ва беҳтаринҳои ин боргоҳро қабрдонӣ кард
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар ВМКБ бо иштироки раиси вилоят маросими оғози соли таҳсил дар Донишгоҳи Марказии Осиё баргузор гардид.
Дафтари матбуоти раиси вилоят бо нашри аксҳо аз маросими мазкур навиштааст, ки дар баробари Файзов дар ин чорабинӣ роҳбарияти ДОМ ва раиси вилояти Нарини Қирғизистон низ ҳузур доштанд.
Гуфта мешавад, Ёдгор Файзов зимни суханронии худ, нахуст ҳамагонро бо 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шодбош гуфта, донишгоҳи мазкурро баракати истиқлолият ва ҳамкории пурфайз бо шарикони рушд, бахусус Ташкилотҳои Оқохони IV арзёбӣ кард.
Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
"Дуогӯи сулҳу суботи кишвари шумоям": номаи шодбошии Оқохони IV ба Раҳмон
Дар идома раиси ВМКБ қайд намуд, ки соли равон барои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли таърихи аст, зеро аввалин хатмкунандагони он ба фаъолияти мустақилона шуруъ намуданд.
Манбаъ меафзояд, дар ин чорабинӣ раиси вилояти Нарини Қирғизистон ҳам суханронӣ кард ва ба беҳтарин донишҷӯён ифтихорномаҳои роҳбарияти донишгоҳ супорида шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала