Иттиҳоми як марди 77-сола ба кордзании писараш дар Рашт

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузаштан ба хазинаи аксВ доме престарелых. Архивное фото
В доме престарелых. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз кордзании навбатӣ дар як оила хабар додааст, ки бо ҳабси падари солхӯрда ва бистари шудани писари миёнсолаш мунҷар шудааст
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Мақомоти милиса марди 77-сола, сокини деҳаи Ниширёни ноҳияи Раштро бо иттиҳоми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир кардаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, муттаҳами солхӯрда дар кордзанӣ ба шиками писараш айбдор мешавад.
"Муттаҳам рӯзи 16-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 17:30 дар манзили истиқоматиаш бо писари 41-солааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 1 маротиба ба шиками ӯ задааст", - омадааст дар иттилоия.
Стрельба у школы в Казани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Оташкушоии фарди номаълум дар Донишгоҳи Перм чанд куштаву захмӣ бар ҷой гузошт
Таъкид шудааст, ки писари кордхӯрда зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Мақомот мегӯянд, алайҳи ин падар бар асоси моддаи 110, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Ин банди Кодекси ҷиноӣ барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошад ё боиси нобино, гунг, кар шудан ё талаф додани ягон узви бадан гардидааст, маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт солро пешбинӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала