Месси дасти мураббияшро нафишурд - видео

© Sputnik / Григорий Соколов / Гузариш ба медиабонкНападающий "Барселоны" Лионель Месси
Нападающий Барселоны Лионель Месси  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Обуна шудан
Расонаҳо тахмин мезананд, ки ба Месси тасмими мураббии ӯ писанд наомаду ӯ намоишкорона дасташро нафишурд ва бо ин амалаш норизогии худро баён кард
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Футболбози номӣ Лионел Месси пас аз он ки ӯро зимни бозӣ бо футболбози дигар иваз карданд, дасти мураббияшро намоишкорона нафишурд, хабар медиҳад "Eurosport".
Ин ҳодиса аснои бозии даври шашуми Лигаи 1- и Фаронса бо Лион рух дод. Мураббӣ Маурисио Почеттино тасмим гирифт, ки дар дақиқаи 76-ум Мессиро иваз кунад ва ба ҷойи ӯ Ашраф Ҳакимӣ вориди майдон шуд.
Зимнан "Eurosport" менависад, ки ба эҳтимоли зиёд тасмими мураббӣ ба Месси писанд наомад ва зимни берун баромадан аз майдон дасти Почеттиноро нафишурд.
То замони иваз кардани Месси натиҷаи бозӣ мусовӣ буд ва сипас тими ПСЖ пас аз ба ҳадаф расондани як голи дигар бар ҳарифони худ дастболо шуданд.
Рӯзи якуми бозии Месси дар ПСЖ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Таҳти рақами 30: рӯзи аввали Месси дар "ПСЖ" - видео
Мураббӣ дар шарҳи тасмимаш гуфт, ки дар тими ӯ бозингарони ҳирфаӣ зиёданд ва дар мавриди ҳайати асосӣ ва ҷойивазкунии футболбозон вай бояд тасмим гирад.
Ёдовар мешавем, ки Лионел Месси аввалин бозии худро дар ҳайати асосии "Барселона" соли 2004 анҷом дода буд.
Месси ҳамроҳ бо ин клуб даҳ чемпионати Испания ширкат кард ва ҳафт ҷоми Испанияро ба даст овард.
Илова бар ин ӯ чор бор қаҳрамони Лигаи қаҳрамонҳо шудааст.
Лентаи хабарҳо
0