Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт рафт
 Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт рафт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тайи як сафари корӣ ба водии Рашт рафт
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Президенти кишвар бо мақсади иштирок дар маросими ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ба минтақаи Рашт рафта, дар назар аст, бо сокинони Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш суҳбату мулоқотҳо кунад, хабар медиҳад дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, сафари кории президент аз ноҳияи Сангвор оғоз гардида, ӯ дар он ҷо нахуст бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ифтитоҳ кардааст.
Дар маркази ноҳи бошад, раисҷумҳур меҳмонхонаи "Таҳмина"-ро ба истифода додааст, ки аз 4 ошёна иборат буда, бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Мустафо Абдуллоев бунёд шудааст.
Визит Эмомали Рахмона в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Раҳмон бинои нави таълимии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро ифтитоҳ кард
Ҳамзамон раисҷумҳури кишвар дар ин ноҳия бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро боз кардаву ба бунёди як кӯдакистон санги асос гузоштааст.
Гуфта мешавад, президент дар ноҳияи Сангвор ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуд.
Дар намоишгоҳ беҳтарин анвои маҳсулоти кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва ҳунарҳои кадбонуҳои гӯшаи дурдасти мамлакат ба таври густарда муаррифӣ шуд, меафзояд манбаъ.
Сафари кории президенти кишвар дар водии Рашт идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала