Собиқ вазиру бонкдори тоҷик маоши олимонро кам гуфт: Аз 700 то 2200 сомонӣ мегиранд

© Sputnik / Амир ИсаевШариф Рахимзода. Архивное фото
Шариф Рахимзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Шариф Раҳимзода, раиси собиқи Бонки миллии Тоҷикистон ва вазирини пешини рушди иқтисоду савдои кишвар, ки феълан дар Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ кор мекунад, маоши корандони ин даргоҳро кам хонда, аз афзоиши он истиқбол намуд
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раҳимзода, ки феълан роҳбарии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба уҳда дорад, аз фармони раисиҷумҳур барои зиёд намудани маоши кормандони Академия ва муассисаҳои тобеи он истиқбол кард.
Ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, то ҳол маоши кормандони Академия аз 700 то 2200 сомониро ташкил медод, ки кам мебошад.

"Нафароне, ки унвонҳои баланд доранд, профессор ҳастанд ва ё ба ҳайси сардори шуъба ва ходимони пешбари илмӣ фаъолият мекунанд, то 2000 сомонӣ маош мегирифтанд, ки ин ҳам кам буд", - изҳор доштааст мудири Пажуҳишгоҳи иқтисоду демография дар суҳбат бо "Ховар".

Ӯ афзудааст, ҳатто академикҳое, ки фаъолият доранд, он қадар маоши баланд намегирифтанд ва бо назардошти ин ҳолат, Ҳукумат маоши олимонро боло бурдааст.
Раҳимзода изҳори итиминон кардааст, ки ин иқдом боиси баланд бардоштани нақши олимон дар кишвар мегардад.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Тавзеҳи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон: Маош 28 дарсад зиёд мешавад
Бар асоси фармони раисҷумҳур, ки Эмомалӣ Раҳмон 20 сентябр имзо кард, андозаи маоши кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он аз 1 сентябри соли 2021 зиёд карда шавад.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ба ҳисоби миёна маоши кормандони Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои тобеи он 28 фоиз боло хоҳад рафт. Ҳадаф дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он арзёбӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала