Теъдоди қурбониён дар Донишгоҳи Перм ба 8 нафар расид - видео

Скорая в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Бар асари тирпаронӣ дар Донишгоҳи шаҳри Перм дастикам 8 нафар кушта шуда, 28 тани дигар ҷароҳат бардошт
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Теъдоди кушташудагон дар тирпарронии Донишгоҳи Перм ба 8 нафар расид. Қаблан расонаҳо аз кушта шудани 5 нафар хабар дода буданд.
Ҳодисаи нохуш рӯзи 20 сентябр сар зад ва яке аз донишҷӯёни ҳамин донишгоҳ ба рӯйи дигарон кушода, дастикам 8 нафарро аз тариқи силоҳи оташфишони "Huglu" куштааст.
Дар робита ба ин ҳодиса ҳукумати ин вилоят рӯзи 21 сентябрро рӯзи мотам эълон намуд.

"Дар рӯзи мотам тамоми парчамҳо поён оварда ва дар шабакаҳои телевизионӣ ва ҳамчунин радиоҳо пахши барномаи фароғатӣ манъ мешавад",-омадааст дар хабар.

Зимнан, Кумитаи тафтишотӣ аз дохили донишгоҳ видеоеро нашр намудааст.
Дар ин видео, ки аллакай ба "YouTube" роҳ ёфтааст, кори кормандони кумита нишон дода мешавад.
Бояд гуфт, донишҷӯи ҳамлагар дар зимни боздошт муқобила карда, маҷрӯҳ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала