Тирамоҳи гарм дар Тоҷикистон то 37 дараҷа ҳарорат пешгӯӣ мешавад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаДворец Нации в Душанбе
Дворец Нации в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Тирамоҳ дар Тоҷикистон ҳамоно гарм аст. Дар аксар минтақаҳо дамои ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳаво гарму бебориш хоҳад шуд. ОГҷонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, дар ВМКБ боридани борон дар назар аст. Дар ғарби вилоят рӯзона 23-28 ва шабона 7-12 дараҷа ҳаво гарм мешавад. Дар қисмати шарқӣ бошад рӯзони 10-15 ва шабона 0-5 дараҷа гармшавии ҳаво дар назар аст.
Зимнан, ҳавои вилояти Суғд ҳам гарму бебориш мешавад. Шамол дар аксар ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Рӯзона 32-27 ва шабона 11-16 дараҷа ҳаво гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳам ҳаво бебориш аст. Дамои ҳаво рӯзона 32-37 ва шабона 14-19 дараҷа гарм мешавад. Шамол бо суръати 4-9 метр дар сония хоҳад вазид.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Рӯзона 13-15 ва рӯзона 33-35 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала