Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор вояи "Pfizer" дастрас кард

© AFP 2021 / JACK GUEZАмпулы с вакциной Pfizer
Ампулы с вакциной Pfizer - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Феълан 2,3 миллион нафар ва ё 40 дардсади шаҳрвандони Тоҷикистон алайҳи бемории коронавирус ваксин гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Амрико дар робита ба мубориза алайҳи коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ваксин кумак намуд.
Дафтари матбуотии сафорати Амрико дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 20 сентябр ба Вазорати беҳдошти Тоҷикистон 114,6 ҳазор воя ваксини "Pfizer" супорида шуд. Қайд гардид, ки авохири ҳафтаи равон боз 210,340 ҳазор воя ваксини иловагӣ ба Тоҷикистон тақдим мегардад.
Дар ҳамин ҳол муовини аввали вазири тандурустӣ Ғаффор Муҳсинзода изҳор доштааст, ки феълан дар Тоҷикистон 2,3 миллион нафар ё 40 дарсади шаҳрвандони кишвар алайҳи бемории коронавирус ваксин гирифтаанд.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус беш аз 2 миллион доллар кумак мегирад
Муҳсинзода мегӯяд, ин рақам бояд ба 5.8 - 6 миллион нафар расонда шавад.
Қаблан Оҷонсии рушди байналмилалии ИМА барои мубориза бо коронавирус ба Тоҷиикстон 2.8 миллион доллар ихтисос дода буд.
Маврид ба зикр аст, ки зимни муборизаи муштарак бар зидди коронавирус Русия ба Тоҷикистон системаҳои ташхиси ройгон ва 50,000 вояи ваксинаи "Спутник V" ҳадя кард.
Аз оғози ин ҳамагир "Роспотребнадзор" ба ҷумҳурӣ шаш ҳайати коршиносонро фиристод, то дар мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон кумак кунанд.
Илова бар ин дар моҳи сентябр Русия ба Тоҷикистон даҳ мошини ёрии таъҷилӣ, ки бо дастгоҳи муосир муҷаҳҳазанд, тақдим намуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала