"Толибон"*: Занони Афғонистон набояд дар курсии мардон кор кунанд

© Фото : Из личного архива А.КнязеваЖенщины мусульманки, архивное фото
Женщины мусульманки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Раиси тозаинтихоби шаҳри Кобул кор кардани занон дар вазифаҳоеро, ки бештар ба мардон тааллуқ дорад, манъ намудааст
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Шаҳрдори пойтахти Афғонистон Мавлавӣ Ҳамдуллоҳи Номонӣ гуфт, заноне, ки дар низоми шаҳрӣ соҳиби курсӣ будаанд, бояд дар хонаҳои худ шинанд ва ҷойи онҳоро мардон ишғол кунанд.
Навори муроҷиати ӯро шабакаи телевизионии "AL Arabiya" дар Twitter нашр намудааст.
Мувофиқи маълумоти маъмурияти пойтахт, дар низоми шаҳрии Кобул 2,9 ҳазор нафар машғул ба кор мебошанд, ки 27 дарсади онҳоро занон ташкил медоданд.

"Мо ба он заноне иҷоза додем, ки онҳоро дар ҷои кор мардон иваз карда наметавонанд ва ё кори онҳо мардона нест",-изҳор доштааст Номонӣ.

Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки дар дастгоҳҳои ноҳиявӣ ва марказӣ заноне кор мекунанд, ки онҳоро мардҳо иваз карда наметавонанд, ҳарчанд дар бахши сохтмон ва нерӯи барқ низ машғули кор мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 15 август ҷангиёни ҳаракати "Толибон"* вориди Кобул ва ҳамакнун садди роҳи хониши духтарон ва ба кор машғул шудани занон шуданд.
Сдача экзаменов в школах Бадахшана на территориях, подконтрольных правительству и Талибану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
"Толибон"*: духтарҳо ба зудӣ ба макотиб бармегарданд
"Толибон"* чанде пеш эълон кард, ки дари макотиб ба рӯи писарҳо боз асту духтарон ҳоло имкони идомаи таҳсилро надоранд.
Рӯзи гузашта намояндагони ин ҳаракат изҳор доштанд, ки дар ояндаи наздик духтарон ҳам ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Вале дақиқан маълум нест, ки таҳсили онҳо аз кай оғоз мегардад.
* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала