Ваъдаи "Толибон"* барои ташкили идораи нави умури занон

© AP / Rahmat GulПредставитель Талибана Забихулла Муджахид
Представитель Талибана Забихулла Муджахид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
"Толибон"* Вазорати умури занонро рамзию камсамар хонда, ташкили идораи ҷадиди фаъоли умури бонувонро ваъда кардааст
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи "Толибон"* ваъда дод, ки ин гурӯҳ барои занон идораи нави фаъолтар ва муасиртаре ташкил хоҳад кард.
Ба гузориши бахши дарии "Порс тудэй", Муҷоҳид рӯзи душанбеи 20 сентябр дар пайи ҳазфи Вазорати умури занон дар Афғонистон ваъдаи ташкили идораи навро додааст.

"Идораи занон дар оянда дар чаҳорчӯби шариати исломӣ танзим хоҳад шуд ва зарурате нест, ки номи он идора вазорат бошад",-изҳор доштааст сухангӯи "Толибон"*.

Ӯ афзуд, ки Вазорати умури занон дар Афғонистон дар аҳди низоми пешин як идораи рамзӣ буда, амалан коре анҷом намедодааст.
Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи "Толибон"* Вазорати умури занонро ба Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар тағйир додааст.
Ҳамчунин дар ҳукумати муваққати "Толибон"* ҳич намояндаи аз занон ҳузур надорад.
Вооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
ДОИШ* гуфт, беш аз 35 узви "Толибон"*-ро куштааст
Дар ҳамин ҳол тайи рӯзҳои охир шуморе аз занон дар Кобул ва дигар вилоятҳо бо нишони эътироз аз нақзи ҳуқуқҳояшон гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Ҷангиёни "Толибон"* барои пароканда кардани ҳамоиши занон аз гази ашковар ва зӯр истифода карданд.
Дар ҳамин ҳол "Толибон"* бо нашри баёнияе аз бозкушоии мадорис хабар додааст, ки феълан танҳо донишомӯзон ва омӯзгорони мардро фаро мегиранд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан "Толибон"* гуфт, ҳуқуқи башар, аз ҷумла занонро риоя мекунад, аммо гузоришҳо аз манотиқи Афғонистон вазъи баръаксро намоиш медиҳанд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳо
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала