21 сентябр дар таърих: Зодрӯзи Мадаминов ва Рӯзи байналмилалии сулҳ

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 21 сентября
День 21 сентября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Обуна шудан
Рӯзи бисту якуми сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии сулҳ дониста мешавад

Рӯзи 21-уми сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1920 Шӯрои комиссарони халқии Украина дар мактабҳо омӯзиши ҳатмии забони украиниро ҷорӣ кард.
Соли 1943 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Исландия муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуд.
Соли 1958 дар натиҷаи тӯфони сахт дар Токио зиёда аз 680 нафар ба ҳалокат расид.
Соли 1991 99%-и аҳолии Арманистон дар раъйпурсӣ барои ба даст овардани истиқлол овоз доданд.
Соли 1920 аввалин шумораи рӯзномаи чехии "Қонуни конститутсионӣ" нашр шудааст.

Рӯзи 21-уми сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 2001 маросими расмии баҳрабардорӣ аз қитъаи роҳи мошингарди "Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб-Кулма" баргузор гашт.
Соли 2008 дар марҳилаи финалии Ҷоми президенти Конфедератсияи Футболи Осиё дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дастаи футболи Тоҷикистон "Регар-ТадАЗ" ғалаба ба даст овард.
Соли 2010 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими муаррифии "Ҳадафҳои Ҳазорсола: дастовардҳои Тоҷикистон" суханронӣ кард.
Соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд.
Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон дар ИМА, дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланди марбути масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 21-уми сентябр

Рӯзи байналмилалии сулҳ.
Дар Аргентина – Рӯзи донишҷӯён.
Дар Арманистон — Рӯзи истиқлол.
Дар Бразилия – Рӯзи дарахтшинонӣ.

Рӯзи 21 сентябр дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шудааст?

Соли 1912 - Ҳунарманди хидматнишондодаи Тоҷикистон Павел Суханов (1912-1983).
Соли 1918 - Ҳунарманди хидматнишондодаи Тоҷикистон Мирзо Мадаминов.
Лентаи хабарҳо
0