Дар Бохтар 20 ҳазор донишҷӯй алайҳи COVID ваксин гирифт

Вакцинация в Гостином дворе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Ҳудуди 1000 омӯзгор ва 20 ҳазор донишҷӯйи шаҳри Бохтар алайҳи коронавирус ваксин гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Маъракаи ваксинзанӣ алайҳи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон идома дорад.
Торнамои "Фараж" аз қавли муовини раиси шаҳри Бохтар Ҳафизулло Касиров хабар медиҳанд, ки то ҳозир 20 ҳазор донишҷӯй ваксин гирифтааст. Илова бар ин 1000 омӯзгор нафар аз омӯзгорони донишгоҳҳо низ алайҳи вируси COVID-19 ваксин гирифтаанд.
Ба гуфтаи Касиров, дар шаҳри Бохтар ҳоло 62,7 дарсади сокинон бо ваксин таъмин шудаанд.

"43 420 нафар бо вояи якум ва 27 102 нафар бо вояи дуюм ваксинзанӣ шуданд", - афзудааст ӯ.

Зикр гардид, ки сокинони шаҳри Бохтар аслан аз ваксинҳои Чину Амрико ва Русияву Бритониё истифода кардаанд.
Ампулы с вакциной Pfizer - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор вояи "Pfizer" дастрас кард
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон 2,3 миллион нафар ё 40 дарсади шаҳрвандони кишвар алайҳи коронавирус ваксин гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала