Барои 8 ҳисса замин дар Хуҷанд 28,5 ҳазор доллар гирифтааст

© Sputnik/Шаҳраки хитоӣ дар Хуҷанд: дар баҳорон ҳам “ях” аст
Шаҳраки хитоӣ дар Хуҷанд: дар баҳорон ҳам “ях” аст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иттиҳоми қаллобӣ хабар додааст
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. ВУД мегӯяд, марди 62-сола, сокини ҷамоати Ҳайдар Усмонов, ки қаблан низ чанд бор зиндонӣ шудааст, ба иттиҳоми додугирифти замин ба қаллобӣ айбдор мешавад.
Манбаъ афзуд, муттаҳам аз сокини 43-солаи шаҳри Хуҷанд барои додани 8 ҳисса замини наздиҳавлигӣ дар ин шаҳр 28 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардондааст.
Купюра, доллар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Парвандаи дигари корманди “Суғдзаминсоз” барои заминфурӯшӣ: 3700 доллар гирифтааст
Таъкид шудааст, ки пули мазкурро муттаҳам аз моҳи сентябр то моҳи ноябри соли 2013 гирифтааст, аммо парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ танҳо моҳи сентябри соли 2021 боз шудааст.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан барои муборизаи харидуфурӯши замин ва назорати риояи қонунгузорӣ дар ин бахш бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон дар Додситонии кулли кишвар раёсати махсус созмон ёфта буд.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 8 ҳазору 928 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала