Лукашенко аз дӯстияш бо Раҳмон гуфт: "Миёни мо сирре нест" - видео

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Белоруссии Александр Лукашенко и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Белоруссии Александр Лукашенко и президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Александ Лукашенко мегӯяд, ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон дӯстони дерина буда, миёнашон сирре нест
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Президенти Беларус зимни мулоқот бо сафири тозатаъйини ин кишвар дар Тоҷикистон Виктор Денисенко гуфт, барои ӯ кор кардан дар Тоҷикистон осон хоҳад буд.
Лукашенко ба намояндаи нави дипломатияш гуфт, Тоҷикистон кишвари на танҳо дӯст, балки раҳбари Беларус бо Эмомалӣ Раҳмон дӯстии шахсӣ дорад.
Тавсифи Лукашенко аз Тоҷикистон ва нигаронияш аз вазъи Афғонистн
Ӯ ба сафири наваш гуфт, барояш дар Тоҷикистон тамоми шароити кор фароҳам оварда мешавад ва кор дар ин кишвар осон хоҳад буд.

"Бо Эмомалӣ Раҳмон мо на танҳо муносиботи хуб дорем, мо дӯстони қарину дерина ҳастем. Аз ҳамдигар қариб ягон сир надорем. Инро инчунин сафари охирини серӯзаи ман нишон дод",-таъкид кард Лукашенко.

Президенти Беларус гуфт, "дар умури сиёсат мо чун дигар кишварҳо ягон мушкилӣ бо Тоҷикистон надорем".
Лукашенко гуфт, ки новобаста аз дӯстии миёни Тоҷикистону Беларус зарфиятҳои бузурги рушди тиҷорат бо ин кишвар амалӣ нашудааст ва сари ин масъала мешавад кор кард.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, Виктор Денисенко ҳамзамон дар Афғонистон низ кор мекунад. Дар суҳбат бо рӯзноманигорон ӯ изҳор доштааст, ки муколама дар формати Беларус-Тоҷикистон-Афғонистон самар дод ва қадамҳои минбаъда комилан аз вазъи ин кишвар вобаста хоҳанд буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала