Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Оғози парвозҳои миёни Доғистону Тоҷикистон

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкМеждународный аэропорт Волгограда в период пандемии коронавируса
Международный аэропорт Волгограда в период пандемии коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Обуна шудан
Боз аз як минтақаи дигари Русия метавон ба самти Тоҷикистон парвоз кард
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Доғистон ва Тоҷикистонро парвозҳои мунтазам пайваст мекунанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии фурудгоҳи Махачқалъа.
Парвозҳои мунтазам ба се шаҳри Тоҷикистон аз 23 сентябр тавассути ширкати ҳавоии "S7 Airlines" анҷом мешаванд.
Ҳавопаймоҳо ба Душанбе ҳафтае як маротиба, рӯзҳои панҷшанбе, соати 22:20 парвоз анҷом медиҳанд ва вақти бозгашти онҳо аз Душанбе дар соати 01:20, рӯзи ҷумъа гуфта шудааст.
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Феҳристи нави парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия нашр шуд
Хатти парвози дигари Махачқалъа - Кӯлоб ба ин сурат таҳия мешавад: парвозҳо аз Русия рӯзҳои ҷумъа, соати 08:20 сурат гирифта, соати 11:50 дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб анҷом меёбанд. Парвози баргашт аз Кӯлоб ба Махачқалъа низ дар ҳамин рӯз сурат мегирад.
Ҳамчунин аз Доғистон метавон ба самти Хуҷанд низ парвоз кард. Ин парвоз ҳафтае як бор дар рӯзи ҷумъа сурат мегирад. Парвоз аз Хуҷанд ба Махачқалъа рӯзҳои шанбе анҷом мешавад.
Билетҳо аз Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 5 ҳазор рубл ва ба самти муқобил на зиёдтар аз 22 ҳазор рубл хоҳанд буд.
Ёдовар мешавем, ки Ситоди амалиётӣ барои пешгирӣ аз воридоту паҳншавии коронавирус дар Русия тасмим гирифтааст, ки аз 27 август шумораи парвозҳои байни Тоҷикистону Русияро афзоиш диҳад.
Аз 1 сентябр вуруд ба Русия барои шаҳрвандони ҳамаи кишварҳои ИДМ танҳо тавассути барномаи "Саёҳат бе COVID-19" муҷоз аст.
Лентаи хабарҳо
0