Патрушев: Ҳаёти миллионҳо нафар аз дасти ИМА дар хатар аст

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкСекретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Обуна шудан
Лабораторияҳои биологие, ки ИМА месозад, барои тамоми ҷаҳон хатарноканд
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Лабораторияҳои биологии ИМА, ки дар тамоми ҷаҳон ташкил мешаванд, барои ҳаёти даҳҳо миллион нафар хатар доранд. Дар ин бора Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия дар суҳбат бо "Аргументы и Факты" изҳори назар кардааст.
Ӯ гуфтааст, ки Ғарб дар бораи ҳуқуқи инсон ҷор мезанад, аммо худаш онро нақз мекунад.

"Лабораторияҳое, ки Вашингтон дар саросари ҷаҳон месозад, барои саломатии даҳҳо миллион нафар хатар эҷод мекунанд ва бо ин ҳуқуқашонро нақз мекунанд",-таъкид намуд Патрушев.

Қаблан дабири Шӯрои амният изҳор дошт, ки лабораторияҳои биологии ИМА асосан дар атрофи Русия ва Чин ташкил мегарданд.
Ба гуфтаи амрикоиҳо, онҳо ба олимон дар таҳияи усулҳои мубориза бо бемориҳои хатарнок кумак мекунанд, аммо мақомоти кишварҳое, ки ин лабораторияҳо дар қаламравашон ҷойгиранд, дар мавриди кори он ҳеҷ иттилое надоранд, изҳор дошт Патрушев.
Медицинская лаборатория, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Чин намехоҳад СҶБ дар таҳқиқи пайдоиши COVID - 19 даст дошта бошад
"ИМА метавонад силоҳи ҳастаӣ созад. Барои ҷилавгирӣ аз пайомадҳои эҳтимолии он Русия бо шариконаш, пеш аз ҳама бо кишварҳои пасошӯравӣ созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахши амнияти биологӣ имзо мекунад",-илова намуд Патрушев.
Қаблан ним миллион сокинони Чин тавассути номаи боз ба Созмони Ҷаҳони Беҳдошт талаб карданд, ки лабораторияҳои биологии ИМА дар пойгоҳи Форт-Детрик таҳқиқ шавад. Ба гуфтаи муроҷиаткунандагон, ин назорат бояд ба хотири ҷилавгирӣ аз эпидемияҳо дар оянда амалӣ гардад.
Лентаи хабарҳо
0