Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Президенти Бразилияро дар Ню-Йорк ба тарабхонаҳо роҳ надоданд: дар кӯча хӯрок хӯрд - акс

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПрезидент Бразилии Жаир Болсонару
Президент Бразилии Жаир Болсонару - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Обуна шудан
Кишвардори Бразилия ба қасди иштирок дар 76-умин Маҷмаи кулли СММ ба Ню-Йорк ворид шуд
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Бразилия Жаир Болсонару ҳамоно бемории коронавирусро ҷиддӣ қабул намекунад ва алайҳи ин маризӣ ваксин гирифтагӣ ҳам нест.
Чанде пеш ӯ ба хотири иштирок дар 76-умин Маҷмаи кулли СММ вориди шаҳри Ню-Йорк шуд.
Оҷонсии "Reuters" менависад, ки ҷаноби Болсонаруро ба далели надоштани гувоҳиномаи ваксин ба тарабхонаҳо роҳ надоданд ва ӯ ҳамроҳи тимаш дар кӯча ғизо истеъмол мекард. Акси хӯрокхӯрии онҳо дар кӯчаро вазири адлияи Бразилия Андерсон Торрес дар сафҳаи "Instagram"-и худ нашр намуд.
Манбаъ меафзояд, дар Ню-Йорк бидуни гувоҳиномаи ваксин даромадан ба тарабхонаву чойхонаҳо қатъиян манъ аст.
Қаблан шаҳрдори Ню-Йорк, Билл де Блазио аз раҳбарони ҷаҳон, ки ба ин шаҳр меоянд, даъват карда буд, ки пеш аз сафар ҳатман ваксин гиранд.
Медицинские работники делают прививки от коронавируса в трущобах Рио-де-Жанейро, Бразилия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Маҳдудиятҳои нав дар Бразилия ва афзоиши таваҷҷуҳ ба ваксинаи "Спутник V"
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш низ ҳамин изҳоротро баён кард. Ҷаласаи 76-уми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид 14 сентябр оғоз шуд ва қисмати аслии он аз 21 то 27 сентябр баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0