Қазоқистон омодагии низомиёнашро санҷид - видео

Низомиёни Қазоқистон бо садои бонги хатар ба по хеста, душмани шартиро нобуд карданд
Вазорати дифои Қазоқистон бо баргузории размоиши густурда омодагии ҷангии артиши хушкигардро мавриди санҷиш қарор дод.
Гуфта мешавад, ки ин амалиёти бидуни огоҳии пешакӣ гузаронида шуданд. Дар санҷиши эълоннашуда, омодагии сарбозон дар шароити ҷадиду ҷуғрофиёи ношинос арзёбӣ гардид.
Тибқи барномаи размоиш, низомиён ҳамлаи ҷангиёнро тариқи марз пас гардондаанд. Таваҷҷуҳи махсус ба душмани ҳавоӣ дода шуд, муҳосира ва нобудсозии адӯ аз нуктаҳои ин размоиш будаанд.
Тамринҳо дар размоишгоҳи куҳии Коктал то 23 сентябр идома хоҳанд ёфт. Дар ин размоишҳо пиёдагардон, танкистҳо, артиллерия ва дигар навъҳои артиш иштирок доштанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала