Қурайшӣ: Барои беҳтар кардани "Толибон"* дороиҳои Афғонистонро бояд озод кард

© Пресс-служба президента РТМинистр иностранных дел Исламской Республики Пакистан Махдумом Шахом Махмудом Куреши
Министр иностранных дел Исламской Республики Пакистан Махдумом Шахом Махмудом Куреши - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Вазири умури хориҷии Покистон бар ин бовар аст, ки озодсозии дороиҳои масдудшудаи Афғонистон аз сӯйи Амрико "Толибон"-ро водор мекунад, то аз иқдомоти дуруст кор бигирад
Вогузории назорат болои ҳисобҳои ниҳодҳои собиқи Афғонистон ба "Толибон" кумак хоҳад кард, то ин гурӯҳ барои наздикӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ ҳаракат кунад, гуфтааст Қурайшӣ дар суҳбат бо ТАСС.
Ба гуфтаи ӯ, ин кор сабаби рӯ ба иқдомоти беҳтар овардани "Толибон"* дар дохили Афғонистон хоҳад шуд.
ХБА ҳамкорӣ бо Афғонистонро қатъ кард ва ба "Толибон" шарт гузошт
Қурайшӣ гуфт: "Ин маблағи Афғонистон аст ва мардуми афғон бояд онро сарф кунанд".

"Масдуд кардани ин дороиҳо ба беҳбуди вазъи Афғонистон кумак нахоҳад кард. Аз қудратмандон даъват мекунам, ки ин сиёсатро бознигарӣ кунанд ва он ҳисобҳоро кушоянд. Ин як қадам ба сӯйи эътимод ба "Толибон"* ва ташвиқи рафтори мусбат хоҳад буд",-гуфтааст Қурайшӣ.

Қурашӣ афзуд, "Толибон"* дарк кунанд, ки агар он ба эътироф ва кӯмаки байналмилалӣ ниёз дошта бошад, пас бояд ба андешаи байналмилалӣ бештар гӯш диҳад.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Дархости "Толибон"* дар ҷиҳати озод кардани дороиҳои Афғонистон дар хориҷ
Пас аз суқути ҳукумати Афғонистон ба дасти "Толибон"* Иёлоти Муттаҳида тақрибан 10 миллиард доллар дороиҳои ин кишварро дар бонк ва дигар муассисаҳои молии ИМА масдуд кард.
Котиби давлатии ИМА ахиран изҳор дошт, ки "Толибон"* бояд барои расидан ба "эътирофи байналмилалӣ" заҳмат кашад. Ҳамзамон ӯ таъкид кард, ки ҳама гуна ҳамкорӣ бо ин гурӯҳи мусаллаҳ ба "манфиатҳои миллӣ"-и Афғонистон хоҳад буд.
* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала