Раҳмон дар водии Рашт: Президент ба Лахши баландкӯҳ парвоз кард

© Пресс-служба президента Таджикистана Рабочий визит Эмомали Рахмона в Лахшский район
Рабочий визит Эмомали Рахмона в Лахшский район  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон сафари кории худро ба навоҳи тобеи ҷумҳурӣ идома медиҳад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зимни сафари корӣ ба водии Рашт вориди ноҳияи Лахш шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии президент.
Баробари ворид шудан ба ин минтақа Раҳмон бинои идораи кишоварзии ин ноҳияро дар деҳаи Вахдат ба истифода дод ва дар намоишгоҳи кишоварзӣ ширкат кард.
Илова бар ин президент бо сокинони маҳаллӣ мулоқот анҷом дод.
Здание исполкома Народно-демократической партии Таджикистана в Сангворском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Соҳибкорон барои ҳизби ҳоким дар Нурободу Сангвор идораҳои корӣ сохтанд
Пас аз он раҳбари Тоҷикистон дар ифтитоҳи бинои шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии Лахш иштирок намуд. Муассисаи нави тиббӣ дорои шароити муосири ташхису табобат аст.
Дар шуъба утоқҳои ташхис, доруворӣ ва лавозимоти хобу дигар таҷҳизоти мавриди ниёз мавҷуд буда, он аллакай барои қабули беморон омода аст.
Сезонные рабочие собирают урожай картофеля в фермерском хозяйстве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Дар Сангвор истеҳсоли гӯшт 65, ғалла 36 ва картошка 35 баробар афзоиш ёфтааст
Гуфта мешавад, дар давоми 30 соли ахир барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии минтақаи Лахш ва беҳбудии вазъи аҳолӣ зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ (ҳудуд 106 миллион доллар) ихтисос ёфтааст.
Дар вилоят 21 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаи тиб, ҳамлу нақл ва маориф иҷроӣ шудааст. Илова бар ин се лоиҳаи давлатӣ, аз ҷумла тарҳи нерӯгоҳи барқи обии "Питовкул" бо иқтидори 1000 киловатт иҷроӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0