Имзои санади муҳим: Густариши ҳамкориҳои Покистону Тоҷикистон дар бахши бонкӣ

© Sputnik / Стас ЭтвешПодпись документов, архивное фото
Подпись документов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Обуна шудан
Бонки милии Тоҷикистон хабар додааст, ки миёни Бонки миллӣ ва Бонки давлатии Покистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни бонкҳои марказии ду кишвар – Бонки миллӣ Тоҷикистон ва Бонки давлатии Покистон, инчунин Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди мониторинги молиявии Покистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Гуфта шудааст, ки Ёддошти тафоҳуми ҳамкории Бонки миллӣ бо Бонки давлатии Покистон дар самти мубодилаи маълумот дар ҷиҳати устуворӣ ва рушди низоми бонкӣ, мубодилаи таҷрибаи ҳамдигар, ташкили машварат, семинару таҷрибаомӯзӣ ва иштирок дар ҳайатҳои корӣ барои танзиму назорати бонкҳо ба роҳ монда мешавад.
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Бонки миллӣ дархости Тоҷиксармоягузор”-ро қонеъ накард
“Ёддошти тафоҳум имкон медиҳад, ки равобити байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки давлатии Покистон пеш аз ҳама дар самти назорати низоми бонкии ду кишвар тавассути ҳамоҳангсозии назари тарафҳо боз ҳам тақвият ёфта, барои рушду инкишофи бахшҳои молиявию иқтисодии ҷонибҳо шароити мусоид фароҳам шавад”, - қайд кардааст манбаъ.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бино бар иттилои манбаъ, ҳамчунин барои рушди муносибатҳои тарафайн миёни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллӣ ва Воҳиди мониторинги молиявии Покистон дар ҷиҳати ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот вобаста ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосӣ (предикатӣ) ва маблағгузории терроризм ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Лентаи хабарҳо
0